Ҷустуҷӯи тоҷики гумонбар ба куштор дар Оренбург

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия шаҳрванди Тоҷикистон Баҳодур Раҳимовро ба гумони даст доштан дар бедарак шудани шаҳрванди 34-солаи Русия Александр Ерисов мавриди ҷустуҷӯ қарор додаанд. Бино ба маълумоти Раёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Оренбург, Ерисов муддати тӯлонӣ ба фурӯши сабзавоту мева дар бозори шаҳр машғул буда, рӯзи бедаракшавиаш назди як майдони сохтмон манзил бо […]

Asia-Plus

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия шаҳрванди Тоҷикистон Баҳодур Раҳимовро ба гумони даст доштан дар бедарак шудани шаҳрванди 34-солаи Русия Александр Ерисов мавриди ҷустуҷӯ қарор додаанд.

Бино ба маълумоти Раёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Оренбург, Ерисов муддати тӯлонӣ ба фурӯши сабзавоту мева дар бозори шаҳр машғул буда, рӯзи бедаракшавиаш назди як майдони сохтмон манзил бо шиносаш вохӯрдааст.

Гуфта мешавад, тибқи маълумоте, ки мақомоти тафтишот дар даст доранд, метавон ба хулосае расид, ки нисбати Ерисов эҳтимоли содир шудани ҷиноят ҷой дорад ва мақомоти тафтишот дар ин робита мутобиқи моддаи 105, қ. 1-и Кодекси ҷиноии Русия (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

«Ҳамзамон дар робита ба эҳтимоли даст доштани бедаракшавии Ерисов мақомоти тафтишот дар пайи муайян кардани макони будубоши шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистон Раҳимов Баҳодур Ҳасанович мебошанд. Дар маҳалли охирини зисташ Раҳимов ҳузур надорад ва то ҳол макони будубоши ӯ маълум нест», – омадааст дар хабар.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.