Гази моеъ дар Тоҷикистон тақрибан 30% қимат шуд

Аз моҳи июли соли равон баъди аз ҷониби Қазоқистон боло бурдани нархи гази моеъ, дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Душанбе арзиши он тақрибан 30% афзуд. Имрӯз дар нуқтаҳои фурӯши гази моеъи пойтахт 1 литр гази моеъ бо арзиши 3,6 сомонӣ фурӯхта мешавад ва ин ҳам дар ҳолест, ки аввали моҳи июл нархи 1 литри он […]

Пайрав Чоршанбиев

Аз моҳи июли соли равон баъди аз ҷониби Қазоқистон боло бурдани нархи гази моеъ, дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Душанбе арзиши он тақрибан 30% афзуд.

Имрӯз дар нуқтаҳои фурӯши гази моеъи пойтахт 1 литр гази моеъ бо арзиши 3,6 сомонӣ фурӯхта мешавад ва ин ҳам дар ҳолест, ки аввали моҳи июл нархи 1 литри он ба 2,8 сомонӣ баробар буд.

Қобили зикр аст, ки Қазоқистон яке аз кишварҳои асосии таъминкунандаи бозори Тоҷикистон бо гази моеъ маҳсуб меёбад. Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, тӯли 8 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон беш аз 221,1 ҳазор тонна гази моеъ ворид шудааст, ки ҳудуди 70% аз ҳаҷми умумии он ба Қазоқистон рост меояд.

Дар ҳамин ҳол, мувофиқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, айни замон беш аз 60%-и воситаҳои нақлиёти Тоҷикистон ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд.

Қаблан Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон болоравии арзиши гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯшро дар пайи афзоши нархи ин навъи сӯзишворӣ дар Қазоқистон аз эҳтимол дур надониста буд. Дар ҳамин ҳол, дар Хадамот болоравии босуръати нархҳоро интизорӣ надоштанд, зеро ширкатҳои воридкунандаи гази моеъ ба Тоҷикистон аллакай ба харидории ин навъи сӯзишворӣ аз Русия бештар таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки дар робита ба афзоиши ҳаҷми содироти гази моеъ ба хориҷи кишвар, аз 1 июли соли равон Қазоқистон  нархи онро беш аз 2 баробар  боло бурд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати энергетикаи ин кишвар, дар чанде аз минтақаҳои кишвар камбуди гази моеъ ба вуҷуд омада, аз ин рӯ, бо мақсади таъмини устувори бозори дохилӣ бо ин навъи сӯзишворӣ, арзиши яклухти он аз 11033 танга (32$) то ба 23106 танга (67$) боло бурда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.