Номаи Ҳилола ба Эмомалӣ Раҳмон: Иҷозат диҳед бо ягона писарам бошам

Дар номаи электроние ба унвонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 21 сентябр тавассути вебсайти раисиҷумҳурӣ фиристода шуд, Ҳилола Егорова дархост кардааст, ки ба ҳоли ӯ раҳм кунанд. Дар ин нома, ки нусхааш ба унвонии Радиои Озодӣ ҳам расидааст, шаҳрванди 36-солаи Русия Ҳилола Егорова мегӯяд, баъди тасмими дирӯзаи додгоҳи ноҳияи Бутирскии шаҳри Маскав, ки қарор […]

Радиои Озодӣ

Дар номаи электроние ба унвонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 21 сентябр тавассути вебсайти раисиҷумҳурӣ фиристода шуд, Ҳилола Егорова дархост кардааст, ки ба ҳоли ӯ раҳм кунанд.

Дар ин нома, ки нусхааш ба унвонии Радиои Озодӣ ҳам расидааст, шаҳрванди 36-солаи Русия Ҳилола Егорова мегӯяд, баъди тасмими дирӯзаи додгоҳи ноҳияи Бутирскии шаҳри Маскав, ки қарор аст кӯдаки ба фарзандӣ гирифтаи ӯро ба Тоҷикистон баргардонад, охирин умедаш ба «раҳмати президент Эмомалӣ Раҳмон аст».

Ҳилола Егорова, зани ӯзбактабори шаҳрванди Русия менависад, ки аз «ноумедӣ ва ночорӣ ба президенти Тоҷикистон муроҷиат мекунад». Ӯ менависад, «баъди солҳои тӯлонии бефарзандӣ» бо ҳамсараш умеде пайдо карданд, ки ба як тифли ятим падар ва модар шаванд. «Барои мо миллат, син ва ҷинси кӯдак фарқ надошт, тифлеро, ки бори аввал дидем, ба фарзандӣ хондем». Ба гуфтаи ӯ, дар ниҳоят маълум шуд, ки хадамоти васоят ва парастории Долгопрудний «иштибоҳ кард, ки шаҳрванди Тоҷикистонро ба тарбияи оилаи русӣ дод».

Вай мегӯяд, ҳоло баъди қарори суд, тифли ҳафтмоҳаи онҳоро, ки шаш моҳи охир дар ин оила бузург шудааст, аз дасти онҳо мегиранд. «Ин кӯдак маънои зиндагии мо шудааст. Ман медонам, ки қонун вуҷуд дорад ва ин қонунҳоро поймол кардан мумкин нест. Вале ман аз шумо тавалло мекунам, ки иҷозат бидиҳед, писари мо дар оилаи мо бимонад», омадааст дар номаи Ҳилола Егорова ба унвонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Дар ниҳоят ин зан дар муроҷиат ба президенти Тоҷикистон мегӯяд: «Ман медонам, ки шумо ҳам як оилаи калоне доред, шумо як сиёсатмадори маъруфед, вале пеш аз ҳама шумо падари хуби нӯҳ фарзанд ҳастед. Иҷозат диҳед, ман ҳам бо ягона писарам бошам».

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 20 сентябр додгоҳи ноҳияи Бутирскии шаҳри Маскав ҳукм кард, ки ҷараёни ба фарзандӣ хондани тифли ятими тоҷик бо нақзи муқаррароти байналмилалӣ сурат гирифтааст ва ин кӯдак бояд ба Тоҷикистон баргардонида шавад. Додгоҳ гуфтааст, ки кӯдаки ятим бояд ба ҳукумати Тоҷикистон баргардонида ва санадҳои баъди фарзандхонӣ таҳияшуда бекор карда шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон: дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Ба муносибати ҷашн шаҳрдории Душанбе барномаи васеи чорабиниҳо омода кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон 0,46 кг партови сахт ба як нафар дар як рӯз ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.