Дар соҳилҳои Миср киштӣ бо 600 нафар гурезагон чаппа шуд

Дар баҳри Миёназамин, саҳеҳтараш дар соҳилҳои Миср киштии ҳомили гурезагон дучори фалокат шуда, бар асари ҳодиса 43 нафар ба ҳалокат расидаанд. Бино ба иттилои сомонаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», тавре маълум шудааст, дар дохили сафина 600 нафар қарор доштанд. Бино ба маълумоти низомиёни Миср, ки дар амалиёти наҷотдиҳӣ ширкат намудаанд, инҳо шаҳрвандони Судон, Сурия, Сомали, Эритрея ва […]

Asia-Plus

Дар баҳри Миёназамин, саҳеҳтараш дар соҳилҳои Миср киштии ҳомили гурезагон дучори фалокат шуда, бар асари ҳодиса 43 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Бино ба иттилои сомонаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», тавре маълум шудааст, дар дохили сафина 600 нафар қарор доштанд. Бино ба маълумоти низомиёни Миср, ки дар амалиёти наҷотдиҳӣ ширкат намудаанд, инҳо шаҳрвандони Судон, Сурия, Сомали, Эритрея ва Миср мебошанд.

Ҳукуматдорони Миср бар он назаранд, ки киштӣ ба вазни зиёд тоб наоварда, дучори суқут шудааст. Тибқи иттилои комиссияи Аврупо аз аввали сол наздики 300 ҳазор муҳоҷир вориди Аврупо шудаанд, ки 3 ҳазори онҳо дар об ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.