Ҳикматёр Кобулро ба озодии толибони маҳкумшуда даъват кард

– Пешвои Ҳизби исломии Афғонистон Гулбиддин Ҳикматёр изҳор намуд, ки ба ҳукумати Афғонистон зарур аст, ки бо ҳаракати «Толибон» гуфтушунид карда, аъзои маҳкумшудаи онро аз зиндонҳо озод кунад, – хабар медиҳад afghanistan.ru. Ин изҳороти ӯ рӯзи имзои созишномаи дуҷонибаи оштӣ бо президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ садо додааст. Баъди имзои созишнома акнун Ҳизби исломии Афғонистон […]

Asia-Plus

– Пешвои Ҳизби исломии Афғонистон Гулбиддин Ҳикматёр изҳор намуд, ки ба ҳукумати Афғонистон зарур аст, ки бо ҳаракати «Толибон» гуфтушунид карда, аъзои маҳкумшудаи онро аз зиндонҳо озод кунад, – хабар медиҳад afghanistan.ru.

Ин изҳороти ӯ рӯзи имзои созишномаи дуҷонибаи оштӣ бо президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ садо додааст. Баъди имзои созишнома акнун Ҳизби исломии Афғонистон ба низоми қонунии сиёсии кишвар баргашт.

«Аз ҷаноби президент даъват мекунам, ки бо толибон гуфтушунид карда, бидуни ҳеҷ шарте аъзои маҳкумшудаи онро аз зиндонҳо озод кунанд. Тоибон бояд сари мизи гуфтушунид нишаста талабҳои худро пеш гузоранд ва мо ба онҳо мусоидат мекунем», – иброз доштааст ӯ.

Қобили зикр аст, ки қаблан дар маросими имзои созишномаи дуҷонибаи оштӣ Гулбиддин Ҳикматёр аз дигар гурӯҳҳо низ даъват кард, ки ба раванди оштӣ пайваста, «ба ҳадафҳои сиёсии худ бо роҳи осоишта ноил гарданд».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.