Аз 1 октябр юан ба сабади махсуси асъори ХБА дохил мешавад

Дар баробари доллари ИМА, евро, йенаи Ҷопон ва фунти бритониёӣ, пули миллии Чин – юан ба сифати асъори панҷум ба сабади ҳуқуқҳои махсус дохил мешавад. Шӯрои мудирони Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) 30 ноябри соли 2015 дархости Пекинро қонеъ ва қарор кард, ки баъди 10 моҳ арзи миллии Чин – юанро ба сабади асъори худ дохил […]

Deutsche Welle

Дар баробари доллари ИМА, евро, йенаи Ҷопон ва фунти бритониёӣ, пули миллии Чин – юан ба сифати асъори панҷум ба сабади ҳуқуқҳои махсус дохил мешавад.

Шӯрои мудирони Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) 30 ноябри соли 2015 дархости Пекинро қонеъ ва қарор кард, ки баъди 10 моҳ арзи миллии Чин – юанро ба сабади асъори худ дохил мекунад.   Аз 1 октябри соли 2016 акнун дар саросари ҷаҳон панҷ асъори захиравӣ расман амал хоҳанд кард.

Deutsche Welle хотиррасон мекунад, ки Нахуст дар ин сабад 16 асъор мавҷуд буда, соли 1981 шумори онҳо то 5-тои асосӣ – доллари ИМА, маркаи Олмон, франки Фаронса, фунти Бритониё ва йенаи Ҷопон кам карда шуд. Соли 2000 баъди ба муомилот баровардани пули аврупоӣ, марка ва франк ҷойҳои худро ба евро доданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.