Дар Ӯзбекистон табиб минбаъд ба тавсияи тартиби истехмоли доруҳо уҳдадор намешавад

Дар фармони вазири тандурустии Ӯзбекистон Анвар Олимов, ки баъди се моҳ мавриди амал қарор мегирад, гуфа мешавад, дар дорухате, ки ба бемор барои табобат дар хона дода мешавад, табиб ба тавсия додани тартиби истеъмолу доруҳо уҳдадор нест. Табиб ва коршиноси созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи CENLIBART Нигяр Ахмедова дар ин робита ба хабаргузории «Фергана» изҳор доштааст, […]

Asia-Plus

Дар фармони вазири тандурустии Ӯзбекистон Анвар Олимов, ки баъди се моҳ мавриди амал қарор мегирад, гуфа мешавад, дар дорухате, ки ба бемор барои табобат дар хона дода мешавад, табиб ба тавсия додани тартиби истеъмолу доруҳо уҳдадор нест.

Табиб ва коршиноси созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи CENLIBART Нигяр Ахмедова дар ин робита ба хабаргузории «Фергана» изҳор доштааст, ки озод кардани табибон аз тавсияи тартиби истеъмоли дору – пеш ё баъди ғизохӯрӣ тасмими нодуруст аст.

«Зимни навиштани дорухат табиб бояд ба қоидаҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) риоя кунад, ки дар саросари ҷаҳон истифода мешавад, яъне дорухат қатъиян бо забони лотинӣ ва мутобиқи бандҳо навишта шавад. Дар банди охир ӯ бояд саҳеҳан ба чӣ миқдор, чанд маротиба дар як рӯз ва пеш ё баъди ғизохӯрӣ истеъмоли доруро зикр намояд», – иброз доштааст ӯ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.