Навбати аввали роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон ба истифода дода мешавад

Турманистон ба мавриди истифода қарор додани навбати аввали роҳи оҳани фаромилии Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон омодагӣ мегирад. Қитъаи Отамурод – Имоманазар (Туркманистон) – Оқина (Афғонистон) моҳи оянда (ноябр) ба истифода дода мешавад. Дар маълумоти Девони вазирони Туркманистон қайд мешавад, ки президенти ин кишвар Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов ахири ҳафтаи гузашта доир ба ин масъала машварат баргузор кардааст. Анҷоми корҳои сохтмону […]

Asia-Plus

Турманистон ба мавриди истифода қарор додани навбати аввали роҳи оҳани фаромилии Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон омодагӣ мегирад. Қитъаи Отамурод – Имоманазар (Туркманистон) – Оқина (Афғонистон) моҳи оянда (ноябр) ба истифода дода мешавад.

Дар маълумоти Девони вазирони Туркманистон қайд мешавад, ки президенти ин кишвар Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов ахири ҳафтаи гузашта доир ба ин масъала машварат баргузор кардааст. Анҷоми корҳои сохтмону насб дар қитъаи Отамурод – Имоманазар (Туркманистон) – Оқина (Афғонистон) даҳаи аввали моҳи ноябр дар назар буда, масофаи умумии он 88 километрро ташкил медиҳад.

Бердимуҳаммедов супоришеро ба имзо расонидааст, ки мувофиқи он ба сохторҳои дахлдор ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани маросими ифтитоҳи навбати аввали роҳ дастурҳо дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки охири моҳи гузашта президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳамммедов бо ҷараёни сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон аз наздик шинос шуда, баъзе эроду пешниҳодҳои худро изҳор намуд ва бештар ба масъалаи аз нигоҳи техникӣ муҷаҳҳаз будани ин иншоот таваҷҷуҳ зоҳир кард.

Ҳамчунин қаблан Бердимуҳаммедов дар бораи тақвияти корҳо дар сохтмони роҳи оҳан, ки бидуни убури марзи Ӯзбекистон, ин кишварро бо Тоҷикистон мепайвандад, изҳори андеша карда буд.

Охири соли гузашта Бонки осиёгии рушд изҳор дошт, ки ба як муддати номуайян аз дастгирии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон ба иллати ноамнии вазъ дар қаламрави Афғонистон худдорӣ меварзад.

Қобили зикр аст, ки қаблан БОР барои таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии лоиҳаи ин роҳи оҳани оянда 9 млн. доллари ИМА воситаҳои грантӣ ҷудо карда буд.

Ёддошт дар бораи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон моҳи марти соли 2013 аз ҷониби сарони ин се кишвар ба имзо расид. Маблағгузорӣ ба амалисозии лоиҳаро Бонки осиёгии рушд амалӣ карданист.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.