Занозанӣ дар Хоруғ бо қатли як нафар анҷом пазируфт

Ҷанҷолу занозанӣ миёни ҷавонон дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ ба тирпарронӣ бадал гардида, дар натиҷа аз захми силоҳ сокини 33-солаи шаҳр Фирӯз Одинашоев ҳалок шуд. Котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи 9 октябр миёни ҷавонони ду кӯчаи шаҳри Хоруғ муноқиша сар […]

Asia-Plus

Ҷанҷолу занозанӣ миёни ҷавонон дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ ба тирпарронӣ бадал гардида, дар натиҷа аз захми силоҳ сокини 33-солаи шаҳр Фирӯз Одинашоев ҳалок шуд.

Котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи 9 октябр миёни ҷавонони ду кӯчаи шаҳри Хоруғ муноқиша сар зада, ҷанҷол бо тирпарронӣ ва ҳалокати як нафар анҷом пазируфтааст.

Аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи 104-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба гумони даст доштан дар куштор як нафар боздошт шудааст.

Тафтиши ҳодисаи мазкурро мақомоти прокуратураи ВМКБ ба уҳда дошта, аз дигар ҷузъиёти қазия дастрас кардани маълумот муяссар нашуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.