Ҳуқуқи хадамоти махсуси Тоҷикистон ба вуруди бидуни иҷоза ба манзилҳо

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба ворид шудан ба манзилҳои шаҳрвандон бидуни иҷозаи онҳо ва қарори суд ҳуқуқ пайдо карда метавонанд. Дар сурати аз ҷониби парлумон ҷонибдорӣ шудани тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ» хадамоти махсуси кишвар аз чунин ҳуқуқ бархӯрдор шуда метавонанд. Ба ворид шудани кормандони КДАМ ба манзилҳои шаҳрвандон […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба ворид шудан ба манзилҳои шаҳрвандон бидуни иҷозаи онҳо ва қарори суд ҳуқуқ пайдо карда метавонанд. Дар сурати аз ҷониби парлумон ҷонибдорӣ шудани тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ» хадамоти махсуси кишвар аз чунин ҳуқуқ бархӯрдор шуда метавонанд.

Ба ворид шудани кормандони КДАМ ба манзилҳои шаҳрвандон бидуни иҷоза дар ҳолатҳое ҳуқуқ дода мешавад, ки агар пайдошавии таҳдиди воқеъии содир шудани амали террористӣ ва ба саломатӣ ва ҳаёти аҳолӣ хатар эҷод кардани он вуҷуд дошта бошад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ дод, тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ» аз ҷониби ҳукумат таҳия ва ба баррасии палатаи поёнии парлумон пешниҳод шудаанд.

Ғайр аз ин, мувофиқи тағйироту илова тартибу қоидаҳои истифода аз қувваи ҷисмонӣ, аслиҳа, техникаи махсус аз ҷониби кормандони мақомоти амнияти миллӣ зимни пайдошавии хатари воқеъии содир шудани амали террористӣ муқаррар карда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, ҳамаи тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда пеш аз ҳама ба ҳимояи ҳаёту солимии аҳолӣ, таъмину сулҳу субот дар кишвар ва ҳамчунин сохти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ равона гардидаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.