Сарвазир бо рафти сохтмони қитъаи роҳи Кӯлоб – Қалъаи Хумб аз наздик шинос шуд

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода рӯзи 12 октябр бо ҷараёни татбиқи Лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Кўлоб-Қалъаи Хумб, қитъаи Шамсиддини Шоҳин-Шоҳон шинос шуд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», сарвазири мамлакат ва ҳайати ҳамроҳонаш аз маркази ноҳияи Шамсиддини Шоҳин то минтақаи Шоҳон бо корҳои навсозии роҳ, тахту ҳамворсозии қитъаҳои мушкилгузар, мумфаршнамоии қабати болоии роҳ дар қитъаҳои омодашуда, корҳои […]

АМИТ «Ховар»

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода рӯзи 12 октябр бо ҷараёни татбиқи Лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Кўлоб-Қалъаи Хумб, қитъаи Шамсиддини Шоҳин-Шоҳон шинос шуд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», сарвазири мамлакат ва ҳайати ҳамроҳонаш аз маркази ноҳияи Шамсиддини Шоҳин то минтақаи Шоҳон бо корҳои навсозии роҳ, тахту ҳамворсозии қитъаҳои мушкилгузар, мумфаршнамоии қабати болоии роҳ дар қитъаҳои омодашуда, корҳои оҳану бетонрезӣ дар ду канори роҳ ва омодасозии пулҳои лоиҳа шинос шуда, ба сохтмончиёну роҳсозон барои иҷрои босифати корҳои пешбинишуда тавсия ва маслиҳатҳои судманд доданд.

Дар айни замон дар сохтмони роҳи мошингарди Кўлоб-Қалъаи Хумб, қитъаи Шамсиддини Шоҳин-Шоҳон 772 нафар кор мекунанд, ки 644 нафарашон коргарони маҳаллӣ мебошанд. Корҳои сохтмон ва навсозии роҳ аз ҷониби ширкату иттиҳодияҳои сохтмонии ватанӣ ва ташкилоту идораҳои роҳсозии хориҷӣ пеш бурда мешаванд.

Қитъаи мазкури роҳ 40 км буда, дар доираи лоиҳаи он ҳамчунин бунёди 10 адад пул ба нақша гирифта шудааст. Ҳамаи пулҳои роҳи мазкур омода шуда, дар қисмати бештари роҳ дар қитъаҳои алоҳида дар қабати аввал корҳои мумфаршкунӣ бо маром идома доранд.

Дар қитъаҳои мушкилгузар низ корҳои тахту ҳамворнамоӣ ва таркишӣ бо маром идома дошта, барои иҷрои корҳои роҳсозӣ дар айни замон 270 адад техникаю таҷҳизоти корӣ сафарбар шудаанд.

Ҷараёни татбиқи Лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Кўлоб-Қалъаи Хумб, қитъаи Шамсиддини Шоҳин-Шоҳон, дар ситоди сайёри корӣ таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода натиҷагирӣ шуд. Дар ситод роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва ташкилоту идораҳои сохтмонӣ барои иҷрои босифат ва саривақтии корҳои роҳсозӣ вазифадор карда шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.