Кишоварзон ба чиниши дуюми пахта шурӯъ карданд

Кишоварзони шаҳри Турсунзода имсол ҳосили хуби пунбадона ба даст оварда, миёни хоҷагиҳо пахтакорони ҶДММ «Агросаноат» пешсаф мебошанд, ки аз ҳар як гектар (дар маҷмӯъ аз 212 га) ба ҳисоби миёна 30 сентнерӣ ҳосил гирифтаанд. «Нақшаро мо аллакай иҷро карда, ҳол ҳам дар майдон пахта зиёд аст. Аз ин рӯ ҳослнокиро то 50 сентнерӣ расониданием», – […]

Asia-Plus

Кишоварзони шаҳри Турсунзода имсол ҳосили хуби пунбадона ба даст оварда, миёни хоҷагиҳо пахтакорони ҶДММ «Агросаноат» пешсаф мебошанд, ки аз ҳар як гектар (дар маҷмӯъ аз 212 га) ба ҳисоби миёна 30 сентнерӣ ҳосил гирифтаанд.

«Нақшаро мо аллакай иҷро карда, ҳол ҳам дар майдон пахта зиёд аст. Аз ин рӯ ҳослнокиро то 50 сентнерӣ расониданием», – гуфт сардори бигадаи 6-ум Нусратулло Турсунов.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯзҳо чиниши дуюми пахта идома дошта, дар даҳаи сеюми моҳи октябр аз ин майдонҳо маротиба сеюм низ ҳосил ҷамъоварӣ кардан имкон дорад.

Бригадаи Турсунов асосан аз занҳо иборат буда, имсол онҳо бидуни кумак аз берун мустақилона худашон аз уҳдаи иҷрои вазифа баромадаанд. Ҷалби хонандагону сокинони шаҳр ба ғунучини ҳосил лозим наомадааст.

Дар ин хоҷагӣ барои 1 килои пахтаи ҷамъоварда 50 дирам музди меҳнат пардохт мекунанд, вале ваъда додаанд, ки дар даҳаи сеюми ҳосилғундорӣ маблағи ҳақмуздро зиёд мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.