Дарёфти ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон дар яке аз майдонҳои сохтмони Маскав

Ҷасади Фаррух Асаншоев дар чоҳи лифти мавриди бунёд қарордоштаи Варзишгоҳи Лужники дар маркази шаҳри Маскав дарёфт шуд. Тибқи маълумоти пешакӣ, шаҳрванди Тоҷикистон бар асари аз баландӣ афтодан ҳалок шудааст. Шабакаи телевизиони «360» бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иттилоъ медиҳад, ки ҷасади марди 34-сола дар чоҳи лифти мавриди бунёд қарордоштаи Варзишгоҳи Лужники дарёфт шудааст. Бино […]

Asia-Plus

Ҷасади Фаррух Асаншоев дар чоҳи лифти мавриди бунёд қарордоштаи Варзишгоҳи Лужники дар маркази шаҳри Маскав дарёфт шуд. Тибқи маълумоти пешакӣ, шаҳрванди Тоҷикистон бар асари аз баландӣ афтодан ҳалок шудааст.

Шабакаи телевизиони «360» бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иттилоъ медиҳад, ки ҷасади марди 34-сола дар чоҳи лифти мавриди бунёд қарордоштаи Варзишгоҳи Лужники дарёфт шудааст.

Бино ба маълумоти РЕН ТВ, дар ҷасад захму осебҳои махсуси марбут ба шахси аз баландӣ афтода ошкор шудааст, ки боиси марг шудаанд. Дар ҳамин ҳол, аломатҳои зоҳирии марги маҷбурӣ ба мушоҳида нарасидааст.

Тавре муайян карда шудааст, шахси ҳалокшуда шаҳрванди Тоҷикистон Фаррух Қиматшоевич Асаншоев, соли таваллудаш 1982 мебошад. Дигар маълумот мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.