Ҷазо барои терроризм сангинтар ва аз пардохти андоз сабуктар мешавад

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноӣ дар мавриди сангинтар шудани ҷазо барои ҷиноятҳои марбут ба терроризм ва сабуктар шудани он аз пардохти андозро маъқул шуморид. Муовини аввали прокурори генералии Тоҷикистон Ҳотам Назарзода зимни суханронӣ назди вакилони парлумон изҳор намуд, ки мувофиқи тағйироту иловаҳо, ҷавобгарӣ барои ҷиноятҳои вобаста ба терроризм, ифротгароӣ, хиёнат ба […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноӣ дар мавриди сангинтар шудани ҷазо барои ҷиноятҳои марбут ба терроризм ва сабуктар шудани он аз пардохти андозро маъқул шуморид.

Муовини аввали прокурори генералии Тоҷикистон Ҳотам Назарзода зимни суханронӣ назди вакилони парлумон изҳор намуд, ки мувофиқи тағйироту иловаҳо, ҷавобгарӣ барои ҷиноятҳои вобаста ба терроризм, ифротгароӣ, хиёнат ба давлат, иштирок дар сафҳои гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва сафедкуниву бегуноҳ инъикос кардани терроризму ифротгароӣ тариқи ВАО сангинтар мешаванд.

Ғайр аз ин, акнун минбаъд шаҳрвандони гунаҳкор ба хиёнат ба давлатро дар Тоҷикистон метавонанд ба ҳабси абад маҳкум кунанд.

Қаблан мувофиқи меъёрҳои моддаи 305 Кодекси ҷиноии ҶТ, барои содир шудани ҷиноят бо аломатҳои хиёнат ба давлат аз 12 то 20 соли маҳрумият аз озодӣ бо мусодираи амвол ҷазо пешбинӣ шуда буд.

Бо пешниҳоди ҳукумат, ба моддаи мазкур қисмати нав илова мегардад, ки мувофиқи он барои содир шудани чунин ҷиноят аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ ва кормандони сохторҳои қудратӣ бо истифода аз мансаби хизматӣ, онҳо метавонанд ба муҳлати 25 соли зиндон бо мусодираи амвол ва дар ҳолатҳои истисноӣ ба ҳабси абад маҳкум шаванд.

Дар ҳамин ҳол, мувофиқи тағйироту иловаҳои қабулшуда, минбаъд дар Тоҷикистон барои ҷиноятҳои содиршуда дар мавриди саривақт пардохт нашудани андоз, агар айбдоршаванда дар муддати 24 рӯзи баъди ошкор шудани ҷиноят қарзи андозро пардохт намояд, ба ҷавобгарӣ кашида намешавад.

Чунин шахсон агар қарзҳояшон аз андозро дар ҷараёни мурофиаи судӣ низ пардохт намоянд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.