Задухӯрди мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Дар асоси маълумотҳои оперативӣ 22 октябри соли равон соати 20:35 дақиқа кормандони раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии Отряди сарҳадии «Панҷ» дар минтақаи тобеияти дидбонгоҳи сарҳадии «Сипар»-и Отряди сарҳадии «Панҷ», убури ғайриқонунӣ ва интиқоли маводи мухаддиро аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ карданд. Ҳангоми гузаронидани амалиёт, қочоқчиёни мусаллаҳи […]

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ

Дар асоси маълумотҳои оперативӣ 22 октябри соли равон соати 20:35 дақиқа кормандони раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии Отряди сарҳадии «Панҷ» дар минтақаи тобеияти дидбонгоҳи сарҳадии «Сипар»-и Отряди сарҳадии «Панҷ», убури ғайриқонунӣ ва интиқоли маводи мухаддиро аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ карданд.

Ҳангоми гузаронидани амалиёт, қочоқчиёни мусаллаҳи номаълуми афғон дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ бо кормандони КДАМ ва сарҳадбонони тоҷик рӯ ба рӯ мешаванд. Ба амри кормандони КДАМ, қочоқчиён итоат накарданд, ки байни хизматчиёни ҳарбӣ ва қочоқчиён задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ омад. Ба муқовимат тоб оварда натавониста қочоқчиён ақибнишинӣ намуда ба тарафи ҶИА фирор намуданд.  

Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса 15 кг маводи мухаддири бангдона, як адад яроқи оташфишони АКМ 47, тирдон бо 56 адад тирҳояш, воситаи алоқа (ратсия) дарёфт ва мусодира карда шуд.

Айни ҳол нисбати ин ҳодиса аз тарафи кормандони РКДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон  тафтишот идома дорад.

Тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон бо қочоқчиёни маводи мухаддир 22 маротиба задухӯрдҳои мусаллаҳона сурат гирифта, 12 қочоқчии шаҳрвандони ҶИА безарар гардонида шуда,  6 нафар захмӣ ва 15 нафар дастгир шуданд.

Дар ин давра зиёда аз 300  нафар вайронкунандагони Сарҳади давлатӣ ва вайронкунандагони низоми сарҳадӣ боздошт гардида, 11 маротиба кӯшиши вайронкунии сарҳади давлати пешгирӣ карда шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.