Эмомалӣ Раҳмон: Мо ҳамсояҳои худро ҳеҷ гоҳ бе об намегузорем

Зимни суханронӣ дар маросими иваз кардани маҷрои дарёи Вахш ва оғози сохтмони сарбанди нерӯгоҳи Роғун Президенти Тоҷикистон изҳор намуд, ки Тоҷикистон дар сиёсати худ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамкориҳои минтақавиро, бахусус, бо кишварҳои ҳамсояи худ ҳамеша дар мадди аввал мегузорад ва чунин муносибатро ягона роҳи ҳалли ҳама гуна мушкилот мешуморад. «Дар робита ба ин, мо […]

Зимни суханронӣ дар маросими иваз кардани маҷрои дарёи Вахш ва оғози сохтмони сарбанди нерӯгоҳи Роғун Президенти Тоҷикистон изҳор намуд, ки Тоҷикистон дар сиёсати худ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамкориҳои минтақавиро, бахусус, бо кишварҳои ҳамсояи худ ҳамеша дар мадди аввал мегузорад ва чунин муносибатро ягона роҳи ҳалли ҳама гуна мушкилот мешуморад.

«Дар робита ба ин, мо борҳо иброз намудаем ва мехостам такроран таъкид намоям, ки мо тарафдори ҳамкориҳои самарабахшу мутақобилан судманд бо давлатҳои минтақа дар самти амалӣ сохтани нақшаҳо доир ба обу энергетика мебошем, – гуфт Эмомалӣ Раҳмон. – Зеро чунин муносибат тақозои ҳаёт буда, ба зиммаи ҳамаи мо дар назди наслҳои ояндаамон масъулияти бузургро мегузорад».

Сарвари давлати Тоҷикистон бо муроҷиат ба «халқҳои бародари Осиёи Марказӣ» изҳор намуд, ки «халқи тоҷик дар давоми асрҳои зиёд бо ҳамсояҳои худ дар фазои оромиву осоиш ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамкорӣ зиндагӣ кардааст».

«Бо масъулияти тамом иброз медорам, ки мо ба идомаи ин анъанаи неки ниёгонамон ҳамсояҳои худро ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ ваҷҳ бе об намегузорем», – таъкид дошт Президент.

Ғайр аз ин зикр гардид, ки Тоҷикистон омода аст бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ лоиҳаи бо оби нӯшокии аълосифати кӯли Сарез таъмин намудани кулли мардуми кишварҳои Осиёи Марказиро амалӣ созад, ки барои мардуми минтақа абадан басанда аст.

«Мо имрӯз бо кишварҳои минтақа, аз ҷумла бо Ӯзбекистони дӯсту бародар дар самтҳои мутақобилан судманд, бахусус, обу энергетика, нақлиёт ва соҳаҳои дигар ҳамкориҳои неки ҳамсоягиро ба роҳ мондаем ва эътимоди комил дорем, ки тамоми масъалаҳои муҳимми муносибатҳои дуҷониба дар рӯҳияи ҳусни тафоҳум ва ба манфиати халқҳоямон ҳалли худро пайдо хоҳанд кард», – қайд кард сарвари давлати Тоҷикистон.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.