Доналд Трамп ВАО-ро ба иғвоангезии тазоҳургарон муттаҳам кард

Намоишҳои эътирозӣ зидди интихоби Доналд Трамп ба мансаби раисҷумҳури ИМА ба бетартибиҳои оммавӣ табдил ёфтанд. Худи Трамп васоити ахбори умумро ба иғвоангезии тазоҳургарон муттаҳам кард. Медуза менависад, мақомоти пулис намоишҳои эътирозӣ алайҳи интихоби Доналд Трамп ба мансаби президентиро, ки дар шаҳри Портленди штати Орегон ҷараён доранд, «бетартибиҳои оммавӣ» эътироф намуда, дар твиттери мақомоти пулиси шаҳр […]

Asia-Plus

Намоишҳои эътирозӣ зидди интихоби Доналд Трамп ба мансаби раисҷумҳури ИМА ба бетартибиҳои оммавӣ табдил ёфтанд. Худи Трамп васоити ахбори умумро ба иғвоангезии тазоҳургарон муттаҳам кард.

Медуза менависад, мақомоти пулис намоишҳои эътирозӣ алайҳи интихоби Доналд Трамп ба мансаби президентиро, ки дар шаҳри Портленди штати Орегон ҷараён доранд, «бетартибиҳои оммавӣ» эътироф намуда, дар твиттери мақомоти пулиси шаҳр ин тасмимро ба қонуншиканиҳои оммавӣ ва кирдори хатарнок»-и тазоҳургарон нисбат додаанд.

Бино ба маълумоти мақомоти пулис, иштирокчиёни ин бетартибиҳо ба беш аз 10 адад автомашинаҳо осеб расонида, шишаҳои якчанд мағозаҳоро шикастаанд.

Мақомоти интизомии Орегон огоҳ кардаанд, ки нисбати ошӯбгарон воситаҳои махсус истифода шуда метавонанд. Пулис аз тазоҳургарон дархост намудааст, ки ба яке аз майдонҳои маркази шаҳр гузаранд.

Дар ҳамин ҳол, президенти интихобшуда Доналд Трамп изҳор доштааст, ки дар бетартибиҳои оммавӣ дар кӯчаҳо зидди пирӯзии ӯ дар интихобот «тазоҳургарони касбӣ» иштирок доранд, ки онҳоро васоити ахбори умум иғвоангезӣ мекунанд. «Тамоман аз рӯи инсоф нест!», – навиштааст Трамп дар твиттер. Ӯ қайд кардааст, ки интихоботи президентӣ дар ИМА «хеле кушоду муваффақона» гузаштанд.

Пас аз пирӯзии Доналд Трамп дар маъракаи интихоботи президенти ИМА дар ин кишвар намоишҳои оммавии эътирозӣ шурӯъ шуданд, ки то ҳол идома доранд. Дар аксари ҳолатҳо онҳо ба таври осоишта мегузаранд, аммо мақомоти пулиси шаҳри Портленди штати Орегон доир ба оғози бетартибиҳои оммавӣ хабар дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.