Омодагии БАОР ҷиҳати маблағгузорӣ ба азнавсозии нерӯгоҳи Норак

Зимни брифинг дар доираи конфронси ҳамасола оид ба ҳамгиройии авруосиёӣ дар Маскав раиси раёсати Бонки авруосиёии рушд (БАОР) Дмитрий Панкин изҳор доштааст, ки Бонк ба ҷудо кардани воситаҳо аз Фонди авруосиёии субот ва рушд барои таъмиру азнавсозии нерӯгоҳи барқи обии Норак омода аст. Ӯ зикр кардааст, ки БАОР ҳамроҳ бо Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати маблағгузорӣ ба […]

Asia-Plus

Зимни брифинг дар доираи конфронси ҳамасола оид ба ҳамгиройии авруосиёӣ дар Маскав раиси раёсати Бонки авруосиёии рушд (БАОР) Дмитрий Панкин изҳор доштааст, ки Бонк ба ҷудо кардани воситаҳо аз Фонди авруосиёии субот ва рушд барои таъмиру азнавсозии нерӯгоҳи барқи обии Норак омода аст.

Ӯ зикр кардааст, ки БАОР ҳамроҳ бо Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати маблағгузорӣ ба лоиҳаи таъмиру таҷдмиди бузургтарин нерӯгоҳи барқи обии Норак дар Тоҷикистон омода буда, дар ин хусус бо ҷониби Тоҷикистон гуфтушунидҳо ҷараён доранд.

«Айни замон ҷиҳати пешниҳоди воситаҳо бо ин мақсад аз Фонди авруосиёии субот ва рушд, мо аз Тоҷикистон дархост интизорем», – иброз доштааст номбурда, вале дар бораи мушаххасан чӣ миқдор маблағ ҷудо шудан ба ин лоиҳа аз ҷониби БАОР чизе нагуфтааст.

Қобили зикр аст, ки нимаи моҳи августи соли равон дар шаҳри Маскав миёни БАОР, ки идоракунандаи Фонди авруосиёии субот ва рушди бонк аст ва Тоҷикистон дар бораи пешниҳоди қарзи молӣ дар ҳаҷми 40 млн. доллари ИМА барои дастгирии ислоҳоти ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвар давоми солҳои 2016-2017 созишномаи қарзӣ ба имзо расид.

Фонди авруосиёии субот ва рушд (қаблан – Фонди зиддибуҳронии ЕврАзЭС) дар ҳаҷми 8,513 млрд. доллари ИМА механизми молиявии минтақавиест, ки соли 2009 аз ҷониби Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Фаъолияти Фонд ба бартараф кардани оқибатҳои манфии буҳрон, таъмини суботи дарозмуҳлат ва мусоидат ба ҳамгиройии иқтисодҳои кишварҳои узви Фонд нигаронида шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.