Анҷоми маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ

То 20 ноябр дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар нақшаи даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон пеш аз муҳлат пурра ба иҷро расид. Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Полковник Фаридун Маҳмадализода ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки айни замон комиссияи махсуси Вазорат тамоми масоилу мушкилоти дар ҷараёни маъракаи даъват пайдошударо меомӯзад. Ба гуфтаи […]

Aваз Юлдошев, Asia-Plus

То 20 ноябр дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар нақшаи даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон пеш аз муҳлат пурра ба иҷро расид.

Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Полковник Фаридун Маҳмадализода ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки айни замон комиссияи махсуси Вазорат тамоми масоилу мушкилоти дар ҷараёни маъракаи даъват пайдошударо меомӯзад.

Ба гуфтаи манбаъ, ояндаи наздик вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ ва тадбирҳои бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда машварат доир мекунад.

Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ 1 октябр оғоз гардида, то 30 ноябр идома меёбад. Ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ шаҳрвандони марди синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.