Расидагии мақомоти андоз ба мушкилоти рушди тиҷорат

Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон тавассути назарпурсӣ мушкилоти рушди тиҷорат ва соҳибкорӣ дар ҷумҳуриро ошкор намуд. Натиҷаҳои назарсанҷии муддати ду моҳ доиргардида дар сомонаи Кумитаи андоз нашр шудаанд. Ҳамин тариқ, 36,8 фоизи андозсупорандагон нисбатан мураккаб гардидани вазъи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар асари бўҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, аз қабили кам шудани ҳаҷми фурўши маҳсулот ва коҳиш ёфтани […]

Asia-Plus

Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон тавассути назарпурсӣ мушкилоти рушди тиҷорат ва соҳибкорӣ дар ҷумҳуриро ошкор намуд. Натиҷаҳои назарсанҷии муддати ду моҳ доиргардида дар сомонаи Кумитаи андоз нашр шудаанд.

Ҳамин тариқ, 36,8 фоизи андозсупорандагон нисбатан мураккаб гардидани вазъи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар асари бўҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, аз қабили кам шудани ҳаҷми фурўши маҳсулот ва коҳиш ёфтани қурби асъори миллӣ омили асосии барои рушди соҳибкорӣ халалрасон эътироф намудаанд.

Ба ақидаи 7,3 фоизи пурсидашудагон фоизи баланди қарзи бонкҳо, 7,3 фоиз бисёр будани мақомоти назоратӣ, 15,9 фоиз бисёр будани шумораи санҷишҳо ва 4,5 фоиз дар сатҳи дахлдор набудани дастгирии соҳибкориро аз омилҳои барои рушди минбаъдаи соҳибкорӣ таъсири манфӣ дошта арзёбӣ намудаанд.

Ҳамзамон, 5,0 фоизи пурсидашудагон бе асос талаб намудани пешпардохти андозҳо аз ҷониби мақомоти андозро низ манфӣ баҳогузорӣ намуда, дар баробари ин, 8,2 фоизи онҳо пешниҳод намудаанд, ки ҷаримаҳои маъмурӣ кам карда шуда, 11,6 фоизи онҳо паст намудани меъёрҳои андозро ҷонибдорӣ намудаанд.

Аз 11,3 фоиз, ки рафтори кормандони мақомоти андозро ғайриқаноатбахш арзёбӣ намудаанд, 2,0 фоизи он оиди ба талаботҳои Стандарти ягонаи давлатии хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ҷавобгў набудан, 2,3 фоиз аз корҳои фаҳмондадиҳӣ даст кашидан, 3,0 фоиз оиди риоя накардани одоби хизматчии давлатӣ ва 4,0 фоиз оиди ба амалҳои коррупсионӣ даст задани кормандони мақомоти андоз норозигиҳо баён намудаанд.

Бино ба маълумоти Кумитаи андоз, дар назарпурсӣ дар маҷмуъ ҳамагӣ 488 нафар шаҳрвандон ва андозсупорандагон иштирок намудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.