Соли 2020 сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистонро то 20% расониданианд

Дар Қасри миллат таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар кори маҷлис нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ гардида, аъзои нави ҳайати мушовараи Вазорати адлия ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” тасдиқ карда шуд. […]

Asia-Plus

Дар Қасри миллат таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар кори маҷлис нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ гардида, аъзои нави ҳайати мушовараи Вазорати адлия ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” тасдиқ карда шуд.

Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузориш дод. Ҳамаи лоиҳаҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди муҳокима маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Оид ба Лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкили корҳо дар самти таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2019-2020” ва Дар бораи лоиҳаи Барномаи миёнамӯҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 гузориши Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки дар доираи татбиқи Барномаи миёнамӯҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ба хотири беҳдошти сатҳи зиндагии мардум сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 31 фоизи соли 2015 то ба 20 фоиз дар соли 2020 ва сатҳи миёнаи зиндагии аҳолӣ аз 22 фоизи соли 2015 то ба 30 фоиз дар соли 2020 бояд расонда шавад. Ҳамаи ин нишондодҳо бо дарназардошти таъсири омилҳои беруна таҳия гардида, барои татбиқи он фаъолияти пурсамару якҷояи сохторҳои давлатӣ зарур аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи зарурӣ ва босифат дар амал татбиқ кардани нишондодҳои барномаи миёнамӯҳлати рушди ҷумҳурӣ дастур доданд, ки бо истифода аз захираву имкониятҳои мавҷуда бо дарназардошти манфиати давлату миллат тадбирҳои мушаххас андешида шавад. Баъди муҳокима Барномаи миёнамӯҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. 

Ҳамчунин барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” ва Хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бехатарии сейсмикӣ” ирсол карда шуд.

“Дар бораи татбиқи Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019” ҳисоботи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, Дар бораи барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон гузориши Вазири маориф ва илм Нуриддин Саид ва Дар бораи тасдиқи низомномаи намунавӣ оид ба шӯрои дисертатсионӣ, Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва унвони илмӣ, дотсент, профессор ва Тартиби бақайдгирии давлатии рисолаҳои илмии ҳимояшуда гузориши Раиси Муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттестатсионӣ” Абдуҳаким Розиқзода шунида шуд.

Дар бораи Нақшаи генералии шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ва Дар бораи Нақшаи генералии шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов раисони ин ноҳияҳо гузориш доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои дар маҷлиси навбатӣ баррасишуда, оид ба андешидани тадбирҳои зарурӣ дар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дар давраи зимистонгузаронӣ ва иҷрои дигар тадбирҳо ба аъзои Ҳукумат ва шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.