Мансаби нави духтари президент дар Вазорати корҳои хориҷӣ

Рухшона Раҳмонова, духтари сеюми президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини сардори Раёсати созмонҳои байнулмилалии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин шудааст. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ВКХ Тоҷикистон хабар дод, Рухшона Раҳмонова чанд рӯз пеш ба ин мансаб таъин шудааст. Мансаби духтари президент дар сомонаи ВКХ Тоҷикистон, дар бахши «Сохтор» (Структура) низ дарҷ ёфтааст. Дар Вазорати […]

Asia-Plus

Рухшона Раҳмонова, духтари сеюми президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини сардори Раёсати созмонҳои байнулмилалии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин шудааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ВКХ Тоҷикистон хабар дод, Рухшона Раҳмонова чанд рӯз пеш ба ин мансаб таъин шудааст. Мансаби духтари президент дар сомонаи ВКХ Тоҷикистон, дар бахши «Сохтор» (Структура) низ дарҷ ёфтааст.

Дар Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ духтари миёнаи президент аллакай муддати 10 сол аст, ки кор мекунад. Қаблан ӯ дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Британияи Кабир фаъолият дошт. Дар Лондон Рухшона ҳамроҳи ҳамсараш Шамсулло Соҳибов, намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Британия зиндагӣ дошт. Соли гузашта Шамсулло Соҳибов президенти Ассотсиатсияи навъҳои варзиши зимистонаи кишвар интихоб шуд.

Ёдрас мекунем, ки дар Вазорати корҳои хориҷии кишвар қаблан ҳамчунин Озода Раҳмон, духтари калонии президент низ кор мекард. То замони ба мансаби роҳбари Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлаит таъин шуданаш, ӯ ба ҳайси муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ фаъолият дошт.

Рустами Эмомалӣ, писари калонии президенти Тоҷикистон айни замон ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.