Таркише дар атрофи Бағдод наздики 100 кушта бар ҷой гузошт

Дар натиҷаи таркиши маргталабе дар яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории атрофи Бағдоди Ироқ наздики 100 одам ҷон додаанд. Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, масъулияти ин ҳамлаи террористиро гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба зимма гирифтааст. Гуфта мешавад, ин таркиш дар 120-километрии пойтахти Ироқ, наздикии қаҳвахонае ба вуқуъ пайвастааст, ки зоирони Эрон дар роҳ ба […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Дар натиҷаи таркиши маргталабе дар яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории атрофи Бағдоди Ироқ наздики 100 одам ҷон додаанд. Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, масъулияти ин ҳамлаи террористиро гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба зимма гирифтааст.

Гуфта мешавад, ин таркиш дар 120-километрии пойтахти Ироқ, наздикии қаҳвахонае ба вуқуъ пайвастааст, ки зоирони Эрон дар роҳ ба сӯи шаҳри Карбало дар он хӯрок мехӯранд. Ҳангоми рух додани амали террористӣ дар нуқтаи сӯзишворӣ чанд автобуси зоирон қарор доштааст.

Зикр мегардад, ки моҳҳои ахир таркишҳои ҳамсон дар Бағдод зиёд рух медиҳад. Моҳи июли соли равон дар натиҷаи бузургтарини онҳо тақрибан 300 одам кушта ва садҳо тани дигар захмӣ шуданд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, дар ҳамлаи интиҳории гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар шаҳри Ҳиллаи Ироқ байни Карбало ва Бағдод, беш аз 40 зоири эронӣ кушта шудаанд. Хабаргузориҳо шумораи умумии кушташудаҳоро беш аз 80 нафар гуфтаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.