Беҳбудиҳои назаррас дар муносибатҳои Тошканду Душанбе то Соли нав

Дар Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон рӯзи 24 ноябр бо сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ мулоқот баргузор шуд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии кишвари ҳамсоя, зимни мулоқот бо дипломати тоҷик масоили муҳими муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, аз ҷумла тартибу рӯзнома ва муҳлатҳои гуфтушунидҳои дуҷониба баррасӣ шудаанд. Тавре як манбаи «Азия-Плюс» дар ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон рӯзи 24 ноябр бо сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ мулоқот баргузор шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии кишвари ҳамсоя, зимни мулоқот бо дипломати тоҷик масоили муҳими муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, аз ҷумла тартибу рӯзнома ва муҳлатҳои гуфтушунидҳои дуҷониба баррасӣ шудаанд.

Тавре як манбаи «Азия-Плюс» дар ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, ба наздикӣ дар Душанбе баргузории ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии кишварҳо оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дар назар буда, раисони комиссия аз ду ҷониб муовинони аввалини нахуствазирони кишварҳо Рустам Азимов (Ӯзбекистон) ва Давлаталӣ Саид (Тоҷикистон) мебошанд.

Сарчашмаи хабар аз эҳтимол дур намедонад, ки дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба ифтитоҳи хатсайри ҳавоӣ миёни пойтахтҳо то охири соли ҷорӣ ё аввали соли оянда ба мувофиқа расида метавонанд.

Бино ба гуфтаи манбаъ, айни замон масоили роҳандозии хатсайрҳои нақлиёти заминӣ, аз ҷумла қатораҳои мусофирбару автобусҳо барои равуои шаҳрвандони давлатҳо мавриди баррасӣ ва ҳаллу фасли ҳарду ҷониб қарор дорад. Дар марзи кишварҳо ба наздикӣ гузаргоҳҳои нав боз шуда, ҳамкории хадамотҳои гумруки ҷонибҳо барқарор мешавад.

Соли оянда Тошканд ният дорад, ки дар Душанбе намоиши пуршукӯҳи маҳсулоти Ӯзбекистонро баргузор кунад, ки дар он аз ҷумла маҳсулоти саноати мошинсозӣ, хӯрокворӣ ва дигар соҳаҳо ба маърази тамошо гузошта шуда, дар доираи кори ин намоиш бори нахуст дар таърихи давлатҳо ҳамоиши тиҷоратии доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Ӯзбекистон доир мегардад.

Ғайр аз ин, ояндаи наздик Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба масъалаҳои табодули донишҷӯён миёни кишварҳо, аз ҷумла шумори донишҷӯён дар макотиби олии ҳарду кишвар созиш ҳосил карда метавонанд. Ҳамчунин аз эҳтимол дур нест, ки дар масоили марбут ба ташкили сафарҳои гурӯҳу дастаҳои эҷодии ҳарду кишвар низ тавофуқ ҳосил хоҳад шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.