Дабири кулли СҲШ: «Аз Чин то Аврупо бо автомашина бидуни таваққуф»

Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Рашид Олимов рӯзи 27 ноябр дар Конфронси глобалии аз ҷониби СММ даъватшуда оид ба равобити нақлиётии устувор, ки дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ашқобод мегузарад, суханронӣ намуд. Рашид Олимов таваҷҷуҳи ҳозиринро ба Созишномаи соли 2014 дар Душанбе баимзорасида аз ҷониби кишварҳои узви Созмон дар бораи фароҳам сохтани шароитҳои мусоид […]

Asia-Plus

Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Рашид Олимов рӯзи 27 ноябр дар Конфронси глобалии аз ҷониби СММ даъватшуда оид ба равобити нақлиётии устувор, ки дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ашқобод мегузарад, суханронӣ намуд.

Рашид Олимов таваҷҷуҳи ҳозиринро ба Созишномаи соли 2014 дар Душанбе баимзорасида аз ҷониби кишварҳои узви Созмон дар бораи фароҳам сохтани шароитҳои мусоид барои боркашонии нақлиётии байнулмилалӣ ҷалб намуда, қайд кардааст, ки созишнома заминаи ҳуқуқии роҳандозии ин иқдомро муҳайё сохта, ба амалисозии ҳамлу нақли бору маҳсулот тавассути нақлиёти автомобилӣ аз қаламрави Аврупо Шарқӣ то соҳилҳои шарқии Чин замина мегузорад.

«Созишнома ба наздикӣ мавриди амал қарор гирифта, ба сохтмону қитъаҳои нави роҳҳои автомобилӣ ва таъмиру азнавсозии роҳҳои мавҷуда дар хатсайрҳои байнулмилалӣ мусоидат мекунад», – иброз доштааст ӯ.

Дабири кулли СҲШ ҳамчунин зикр кардааст, ки баъди мавриди амал қарор гирифтани Созишнома, ҳама гуна кишвари дигар низ метавонад ба он шомил гардад ва айни замон як қатор кишварҳои Аврупову Осиё ба он таваҷҷуҳи назаррас зоҳир кардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.