«Барқи тоҷик» сабаби садамаи моҳи октябр дар низоми энергетикиро шарҳ медиҳад

Ба наздикӣ сабабҳои садамаи моҳи октябри соли равон рухдода дар низоми энергетикии ҷумҳурӣ шарҳ дода мешаванд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз ШСХК «Барқи тоҷик» дар ин робита иттилоъ доданд, корҳои таҳқиқи сабабҳои садама аз ҷониби комиссияи махсус ба имом расида, натиҷаҳои он ҳафтаи оянда мунташир мегарданд. Ширкати «Барқи тоҷик» қаблан эълон карда буд, ки барои ошкор […]

Asia-Plus

Ба наздикӣ сабабҳои садамаи моҳи октябри соли равон рухдода дар низоми энергетикии ҷумҳурӣ шарҳ дода мешаванд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз ШСХК «Барқи тоҷик» дар ин робита иттилоъ доданд, корҳои таҳқиқи сабабҳои садама аз ҷониби комиссияи махсус ба имом расида, натиҷаҳои он ҳафтаи оянда мунташир мегарданд.

Ширкати «Барқи тоҷик» қаблан эълон карда буд, ки барои ошкор кардани сабабҳои садама, ки баъди он қариб тамоми ҷумҳурӣ муддати се соат бе барқ монд, ҳадди ақал ду ҳафта муҳлат зарур аст.

Коршиносон ин садамаро ба муносибати хунукназаронаи энергетикҳо нисбат ба таъмини бехатарии иншооти гидротехникӣ (ИГТ) марбут дониста, онро комилан табиӣ ва пешбинишуда мешуморанд, чунки дар иншооти гидротехникии ҷумҳурӣ қоидаҳои истифодабарӣ риоя намешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.