Сӯхтор дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар шоҳроҳи Қӯрғонтеппа-Сарбанд

Ахири ҳафтаи сипаришуда  дар нуқтаи сӯзишвории гази моеъ, воқеъ дар ноҳияи Бохтар, ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъа, дар ҳудуди шоҳроҳи  Қӯрғонтеппа-Сарбанд, ки ба шаҳрванд Раҳимов Саид, соли таваллудаш 1974, сокини деҳаи Ҳаёти Нави ноҳияи мазкур тааллуқ дорад, сӯхтор ба амал омад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дарҳол ба ҷойи ҳодиса кормандони бастҳои оташнишонии РХДО вилояти […]

Asia-Plus

Ахири ҳафтаи сипаришуда  дар нуқтаи сӯзишвории гази моеъ, воқеъ дар ноҳияи Бохтар, ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъа, дар ҳудуди шоҳроҳи  Қӯрғонтеппа-Сарбанд, ки ба шаҳрванд Раҳимов Саид, соли таваллудаш 1974, сокини деҳаи Ҳаёти Нави ноҳияи мазкур тааллуқ дорад, сӯхтор ба амал омад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дарҳол ба ҷойи ҳодиса кормандони бастҳои оташнишонии РХДО вилояти Хатлон бо техникаю таҷҳизоти махсус ва дигар хадамотҳои дахлдор сафарбар шуданд.

Гуфта мешавад, ҳангоми ба ҷойи ҳодиса расидан муайян карда шудааст, ки дар натиҷаи беэҳтиётӣ дар автомашинаи газкашони тамғаи «Дулан, ки ба шаҳрванд Халилов Ҷавҳар Абдулҳалимович, соли таваллудаш 1990 тааллуқ дорад, сӯхтор сар задааст.

Сабаби сар задани сӯхтор вайрон намудани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми холӣ намудани гази моеъ аз нақлиёти боркашони гази моеъи тамғаи «Дулан» ба зарфи нигоҳдории гази моеъи нуқтаи сӯзишворӣ мебошад, ки шарора ба амал омада, боиси сар задани ин ҳодиса гардидааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.