Тасарруфи дубораи Палмира аз ҷониби ҷангиёни Давлати исломӣ

Бо вуҷуди пешравиҳои артиши Сурия дар Ҳалаб, тибқи гузоришҳо, нерӯҳои вафодор ба Башор Асад назорати шаҳри таърихии Палмираро аз даст додаанд ва ин минтақа дар тасарруфи нерӯҳои гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" мебошад. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, рӯзи якшанбе гурӯҳи "Давлати исломӣ" бори дигар қисматҳои асосии ин шаҳри таърихиро ба тасарруфи худ даровардааст. Дар ин […]

Радиои Озодӣ

Бо вуҷуди пешравиҳои артиши Сурия дар Ҳалаб, тибқи гузоришҳо, нерӯҳои вафодор ба Башор Асад назорати шаҳри таърихии Палмираро аз даст додаанд ва ин минтақа дар тасарруфи нерӯҳои гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" мебошад.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, рӯзи якшанбе гурӯҳи "Давлати исломӣ" бори дигар қисматҳои асосии ин шаҳри таърихиро ба тасарруфи худ даровардааст. Дар ин бора хабаргузории "Рейтерз" гузориш дода ва навиштааст, ки ҷангҳои рӯзи якшанбе дар ин шаҳр байни ҷангиёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва нерӯҳои артиши Сурия бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии Русия сурат гирифтааст ва ҳарду тараф иддао кардаанд, ки пирӯзиҳо ба даст овардаанд.

Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс ба нақл аз Вазорати дифои Русия, дар ҳамлаҳои ҳавоии ин кишвар, ки аз шаби шанбе шурӯъ шуд, беш аз 300 нафар аз нерӯҳои ДИИШ кушта ва 11 танк ва 31 мошини онҳоро тахриб намуданд ва афроди ин гурӯҳ шаҳрро тарк кардаанд.

Гурӯҳи "Давлати исломӣ" рӯзи шанбеи 10 декабр муваффақ шуд, ки бо шикаст додани нерӯҳои артиши Сурия вориди Палмира шавад ва рӯзи якшанбе низ дар вебсайти хабарии худ "Аъмоқ" иддао кард, ки ҷангиёни ин гурӯҳ танҳо дар қисматҳои каме аз ин шаҳр ақибнишинӣ кардаанд ва дар ҳоли бозгашт барои назорати комили ин шаҳр мебошанд.

Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, ки қароргоҳаш дар Бритониё мебошад, низ ин хабарро таъйид кардааст ва Ромӣ Абдураҳмон, масъули ин ниҳод гуфтааст, ки бо вуҷуди ҳамлаҳои ҳавоии Русия, гурӯҳи "Давлати исломӣ" ҳамаи Палмираро бозпас гирифта ва дар гӯша-гушаҳои шаҳр сарбозони артиши Сурияро ҷустуҷӯ мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.