Ҷустуҷӯи 3 бародару 1 хоҳар барои пайвастан ба Давлати исломӣ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба гумони робита доштан бо созмони террористии ба ном «Давлати исломӣ» 3 бародар ва  1 хоҳари онҳоро мавриди ҷустуҷӯ эълон кардааст, ки ҳанӯз соли гузашта ба сафҳои ин гурӯҳ пайвастаанд. Дар сомонаи расмии ВКД имрӯз дар бораи ҷустуҷӯи Элёрбек Турабекови 20-сола, сокини 20-солаи шаҳракаи Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод, ки аз 25 июни […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба гумони робита доштан бо созмони террористии ба ном «Давлати исломӣ» 3 бародар ва  1 хоҳари онҳоро мавриди ҷустуҷӯ эълон кардааст, ки ҳанӯз соли гузашта ба сафҳои ин гурӯҳ пайвастаанд.

Дар сомонаи расмии ВКД имрӯз дар бораи ҷустуҷӯи Элёрбек Турабекови 20-сола, сокини 20-солаи шаҳракаи Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод, ки аз 25 июни соли гузашта ҷустуҷӯ мешавад, эълон нашр шудааст.

Ҳамчунин бародарони ӯ, Асилбек Турабекови 17-сола, Худоёрбек Турабекови 26-сола ва ҳамчунин хоҳари онҳо – Нодирабегим Турабековаи 24-сола низ мавриди ҷустуҷӯ қарор гирифтаанд.

 

Ғайр аз ин, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон боз 6 нафар зодагони ҳамин шаҳрак – Зӯҳро Болтаева, соли таваллудаш 1982, Исломиддин Боронов, соли таваллудаш 1990, Шералӣ Мамадқулов,  соли таваллудаш 1978, Илҳомҷон Қаюмов, соли таваллудаш 1972, Салоҳиддин Келдиев, соли таваллудаш 1996 ва Даврон Мамадқулов, соли таваллудаш 1987-ро низ ҷустуҷӯ дорад.

Бино ба маълумоти ВКД, ҳамаи ин шахсони зикршуда ба пайвастан ба гурӯҳи террористии фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи «Давлати исломӣ» гумонбар дониста мешаванд.

Қаблан, 24 ноябр ВКД Тоҷикистон рӯйхати нави шаҳрвандони кишварро, ки дар сафҳои гурӯҳи террористии Давлати исломӣ меҷанганд, бо аксҳояшон ба нашр расонид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.