Гумонбари ҳамла ба ярмаркаи Берлин дар Милан кушта шуд

Кормандони мақомоти пулиси шаҳри Милан мардеро парронидаанд, ки ба ярмаркаи бахшида ба ҷашни Мавлуди Исои Масеҳ дар шаҳри Берлин гумонбар дониста мешавад. «Медуза» менависад, дар ин бора Reuters бо истинод ба як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар додааст. Бино ба маълумоти La Repubblica, ҳангоми тирпарронӣ мард «Оллоҳу акбар» фарёд карда, яке аз афсарони пулисро […]

Наим Халимов

Кормандони мақомоти пулиси шаҳри Милан мардеро парронидаанд, ки ба ярмаркаи бахшида ба ҷашни Мавлуди Исои Масеҳ дар шаҳри Берлин гумонбар дониста мешавад. «Медуза» менависад, дар ин бора Reuters бо истинод ба як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар додааст.

Бино ба маълумоти La Repubblica, ҳангоми тирпарронӣ мард «Оллоҳу акбар» фарёд карда, яке аз афсарони пулисро аз китфаш захмӣ кардааст. Ин ҳодиса шаби 23 декабр дар назди истгоҳи роҳи оҳан дар майдони 1 Май рух додааст.

Қаблан иттилоъ расида буд, ки шахси монанд ба гумонбар Анис Амриро дар Дания дидаанд.

Дар ҳамла ба ярмарка рӯзи 19 декабр дар Берлин шаҳрванди Тунис Анис Амрӣ гумонбар дониста мешавад. Тибқи фарзияи тафтишот, ӯ нахуст ба ронандаи лаҳистонӣ (полшагӣ) дарафтода, ӯро мекушад ва сипас автомашинаи бузурги боркашро сӯи издиҳоми мардум равона мекунад. Бар асари ин ҳамла 12 нафар ҳалок ва боз 48 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.