Пойгаи автомобилӣ дар фурудгоҳи Қазон

Навори видеоӣ аз камераҳои мушоҳидавӣ интишор шуд, ки дар он чӣ гуна аз ҷониби кормандони БДА кӯшиши нигоҳ доштани автомобил дар терминали фурудгоҳи шаҳри Қазон дида мешавад. Мақомоти пулис гуфтаанд, ин ҳодиса шоми 21 декабр рух дода, ронанда – Руслан Нуртдинов, собиқи муфаттиши РКД аз Набережнии Челни, аз истеъмоли маводи нашъаовар сархуш будааст. Meduza менависад, […]

Asia-Plus

Навори видеоӣ аз камераҳои мушоҳидавӣ интишор шуд, ки дар он чӣ гуна аз ҷониби кормандони БДА кӯшиши нигоҳ доштани автомобил дар терминали фурудгоҳи шаҳри Қазон дида мешавад.

Мақомоти пулис гуфтаанд, ин ҳодиса шоми 21 декабр рух дода, ронанда – Руслан Нуртдинов, собиқи муфаттиши РКД аз Набережнии Челни, аз истеъмоли маводи нашъаовар сархуш будааст. Meduza менависад, айни замон ӯ дар бахши тиҷорати посбонӣ фаъолият доштааст.

Суд ӯро муддати 15 шабонарӯз барои нигаҳдории маводи нашъаовар ба ҳабс гирифта, ғайр аз ин, нисбати ӯ бо далелҳои ҳамла ба кормандони пулис ва зарар расонидан ба амволи бегона ду парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Фурудгоҳ зиёни расидаашро 6 млн. рубл арзёбӣ кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.