Муштзани тоҷик қаҳрамони WBO Youth боқӣ монд

Муштзани тоҷик Шавкатҷон Раҳимов дар сабқати бокси ҳирфаӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар вазни аввали сабук бар Ролдан Алдеа аз Филиппин ғалаба кард ва унвони қаҳрамони Созмони ҷаҳонии бокс миёни ҷавонон (WBO Youth)-ро нигоҳ дошт. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Шавкатҷон Раҳимов аз раунди аввал ташаббусро ба даст гирифт ва баъди силсилаи зарбаҳои сахту нишонраси […]

Радиои Озодӣ

Муштзани тоҷик Шавкатҷон Раҳимов дар сабқати бокси ҳирфаӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар вазни аввали сабук бар Ролдан Алдеа аз Филиппин ғалаба кард ва унвони қаҳрамони Созмони ҷаҳонии бокс миёни ҷавонон (WBO Youth)-ро нигоҳ дошт.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Шавкатҷон Раҳимов аз раунди аввал ташаббусро ба даст гирифт ва баъди силсилаи зарбаҳои сахту нишонраси ӯ дар раунди дувум довари ринг қувваозмоиро қатъ кард ва дасти муштзани тоҷикро боло бардошт.

Ёдрас мешавад, ки Шавкатҷон Раҳимов моҳи ноябри соли равон дар сабқати бокси ҳирфаӣ дар вазни то 59 килограмм бар Ҷерри Кастроверде аз Филиппин ғалаба карда буд. Баъди силсилаи зарбаҳои нишонраси Шавкатҷон дар раунди панҷум қувваозмоӣ қатъ ёфт ва муштзани тоҷик ба унвони қаҳрамони Созмони ҷаҳонии бокс миёни ҷавонон (WBO Youth) мушарраф гашт.

Гуфта мешавад, Шавкатҷон Раҳимови 22-сола айни ҳол дар шаҳри Санкт-Петербург ба сар мебарад ва дар мусобиқоти бокси ҳирфаӣ Тоҷикистону Русияро намояндагӣ мекунад. Вай ҳашт қувваозмоӣ карда, дар ҳамааш дастболо шудааст. Ӯ дар шаш қувваозмоӣ бо нокаут ғолиб омадааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.