Вазорати маориф: Ҳамаи иштирокчиёни муноқиша аз оилаҳои «носолиманд»

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон изҳор мекунад, ки қариб ҳамаи иштирокчиёни муноқиша бо кордзании рӯзи 2 январ дар Душанбе аз оилаҳои носолиманд. Зимни нишасти хабарӣ сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Ҳамидулло Фақеров қайд кард, ки бисёре аз боздоштшудагон дар оилаҳои «носолим» зиндагӣ мекунанд: касе дар тарбияи бибиаш асту дигарӣ бо хешовандонаш ба сар мебарад ва […]

Asia-Plus

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон изҳор мекунад, ки қариб ҳамаи иштирокчиёни муноқиша бо кордзании рӯзи 2 январ дар Душанбе аз оилаҳои носолиманд.

Зимни нишасти хабарӣ сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Ҳамидулло Фақеров қайд кард, ки бисёре аз боздоштшудагон дар оилаҳои «носолим» зиндагӣ мекунанд: касе дар тарбияи бибиаш асту дигарӣ бо хешовандонаш ба сар мебарад ва танҳо ду тан аз онҳо дар оилаҳои пурра – бо падару модаронашон зиндагӣ мекунанд.

Тибқи маълумоти ӯ, айни замон Прокуратураи генералии Тоҷикистон ин ҳодисаро мавриди таҳқиқ қарор дода, 15 нафар иштирокчии муноқиша боздошт шудаанд.

Ба гуфтаи Фақеров, дар ин муноқиша танҳо як нафар толибилм – хонандаи мактаби №101-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳузур дошта, боқимонда ба мактабҳои таҳсилоти умумӣ ҳеҷ муносибате надоранд.

«Мактабро гунаҳкор накунед, – таъкид дошт Фақеров. – Вақте наврасони маҳаллаҳои гуногун бо ҳам душманӣ меварзанд, ин падидаи манфии ҷомеа буда, мо ҳама бояд бо он мубориза барем».

Ёдрас мекунем, ки бар асари муноқишаву занозанӣ байни наврасон дар Душанбе шаби 3 январ дар яке аз интернет-кафеҳои микрорайони 103-юм ду тан аз иштирокчиёни он аз захми корд ҳалок шуданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.