Бонки ҷаҳонӣ пешгӯиҳои рушди иқтисоди Тоҷикистонро бозбинӣ кард

Бонки ҷаҳонӣ пешгӯиҳои худ нисбати рушди иқтисоди Тоҷикистон давоми ду соли наздикро ба самти коҳиш бозбинӣ кард. Дар гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ доир ба рушди иқтисоди ҷаҳон қайд мешавад, ки дар соли 2017афзоиши воқеъии Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 4,5%-ро ташкил хоҳад дод, ки дар муқоиса бо пешгӯии моҳи июни Бонк 0,3% пасттар аст. Дар соли […]

Asia-Plus

Бонки ҷаҳонӣ пешгӯиҳои худ нисбати рушди иқтисоди Тоҷикистон давоми ду соли наздикро ба самти коҳиш бозбинӣ кард.

Дар гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ доир ба рушди иқтисоди ҷаҳон қайд мешавад, ки дар соли 2017афзоиши воқеъии Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 4,5%-ро ташкил хоҳад дод, ки дар муқоиса бо пешгӯии моҳи июни Бонк 0,3% пасттар аст.

Дар соли 2018 таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ ҳаҷми афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро дар сатҳи 5,2% пешгӯӣ кардаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи пешгӯии пешин 0,1% поинтар мебошад.

Пешгӯиҳои поинравии ҳаҷми афзоиши иқтисоди Тоҷикистонро коршиносони Бонк ба коҳиши имконпазири ҳаҷми интиқоли маблағҳо аз ҷониби муҳоҷирони корӣ ва ҳамчунин коҳиши талабот ба воридот нисбат медиҳанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.