Доллар дар Тоҷикистон аз 8 сомонӣ боло рафт

Қурби расмии доллари ИМА нисбати арзии миллии кишвар, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба санаи 7 март муқаррар шудааст, 8,0049 сомонӣ барои 1 долларро ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ, аз оғози сол қурби доллар нисбати арзи миллии Тоҷикистон ба андозаи 1,6 фоиз – аз 7,8762 сомонӣ ба санаи 1 январи то 8,0049 сомонӣ ба […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қурби расмии доллари ИМА нисбати арзии миллии кишвар, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба санаи 7 март муқаррар шудааст, 8,0049 сомонӣ барои 1 долларро ташкил медиҳад.

Ҳамин тариқ, аз оғози сол қурби доллар нисбати арзи миллии Тоҷикистон ба андозаи 1,6 фоиз – аз 7,8762 сомонӣ ба санаи 1 январи то 8,0049 сомонӣ ба имрӯз боло рафт.

Дар партави болоравии қурби расмии доллар ҳамчунин арзиши он дар бозор низ афзоиш меёбад. Қурби фурӯши доллар дар марказҳои мубодилаи асъор имрӯз аллакай ба 8,12 сомонӣ расидааст.

Камбуди долларро дар Бонки миллии ҷумҳурӣ падидаи муваққатӣ унвон мекунанд, ки ба мавсим вобаста буда, дар ин давра воридоти асъор ба кишвар нисбатан дар сатҳи паст қарор мегирад.

Дар Бонки миллӣ итминон доданд, ки вазъ дар бозори асъор таҳти назорат қарор дошта, ба якбора босуръат болоравии қурбҳо роҳ дода намешавад.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.