Манбаъ: «Бозпурсӣ»-и Маҳмадсаид Убайдуллоев дар Агентии зиддифасод дурӯғ аст

Мақомоти қудратӣ далели бозпурсии собиқ раиси шаҳри Душанбе, раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоевро аз ҷониби муфаттишони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ рад мекунанд. «Оид ба масъалаи истифодаи ғайримақсадноки воситаҳои буҷетии шаҳри Душанбе то имрӯз аз ҷониби ҳеҷ кадоме аз мақмоти ҳифзи ҳуқуқ парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст», – гуфт ба […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Мақомоти қудратӣ далели бозпурсии собиқ раиси шаҳри Душанбе, раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоевро аз ҷониби муфаттишони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ рад мекунанд.

«Оид ба масъалаи истифодаи ғайримақсадноки воситаҳои буҷетии шаҳри Душанбе то имрӯз аз ҷониби ҳеҷ кадоме аз мақмоти ҳифзи ҳуқуқ парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст», – гуфт ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ.

Ӯ маълумоти интишоршуда дар чанде аз ВАО-ро дар бораи бозпурсӣ шудани Убайдуллоев аз рӯи масъалаи истифодаи ғайримақсадноки воситаҳои буҷети пойтахт дар сохтмони биноҳои «Душанбе-Плаза», маркази тиббии «Истиқлол-90» ва ҳамчунин амалисозии лоиҳаи «Манзили дастрас» бардурӯғу овоза номид.

Ҳамчунин хотиррасон шуд, ки мувофиқи меъёри моддаи 51-и Конститутсияи Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад, ӯро ҳабс кардан, дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтуков кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир шуданаш дар ҷойи содири ҷиноят. Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳамчунон мавриди кофтукови шахсӣ қарор дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун барои таъмини амнияти дигарон муқаррар намудааст. Масъалаи маҳрум намудани дахлнопазирии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Прокурори генералӣ аз ҷониби маҷлиси дахлдор ҳал карда мешавад.

Ваколати узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳангоми вафот, истеъфо, ғайри қобили амал эътироф шудани онҳо аз ҷониби суд, эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд, қатъи шаҳрвандӣ, соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар, тарки доимии ҷумҳурӣ, ишғоли вазифае, ки ба ваколати узви Маҷлиси миллӣ мувофиқ нест, парокандашавии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон қатъ мегардад.

Қаблан Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз Агентии зиддифасод хоста буд, ки санҷиши "истифодаи пулҳои буҷаи кишвар ва пойтахтро" барои сохтмони биноҳо дар Душанбе то 1 июл ба охир расонад. Ба қавли президент, дар давоми 10 соли охир ва дар паи 800 тафтишу санҷишҳо дар корхонаву муассиса ва ташкилотҳои буҷетии пойтахт, ба маблағи умумии 159 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шудааст.

Дар ин зимн хотиррасон мебояд кард, ки бо дархости раҳбарияти нави шаҳрдории Душанбе Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ соли ҷорӣ ҷараёни амалисозии лоиҳаи «Манзили дастрас»-ро ғайринақшавӣ мавриди санҷиш қарор медиҳад. Ин лоиҳа бо дастгирии мақомоти шаҳрдорӣ ҳанӯз соли 2013 оғоз гардида буд.

Ба гуфтаи муовини раиси Агентии зиддифасод Абдукарим Зарифзода, санҷиши нақшавии фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории шаҳрдории Душанбе соли 2016 гузаронида шуда, санҷиши навбатӣ соли 2018 ба нақша гирифта шуда буд.

Дар лоиҳаи «Манзили дастрас» таъмини як доираи муайяни сокинони пойтахт, аз ҷумла зиёиён бо манзилҳои нисбатан арзон дар хонаҳои баландошёна, ки дар маҳаллаи «Профсоюз» сохта мешаванд, пешбинӣ мешавад. Тибқи нақша, моҳи сентябри соли 2015 манзилҳои аввал дар доираи ин лоиҳа бояд ба истифода дода мешуданд, вале сохтмони онҳо то ба ҳол ба итмом нарасидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.