Сафири ИМА занони тоҷикро қаҳрамон номид

Элизабет Миллард, сафири ИМА дар Тоҷикистон дар мақолаи худ бахшида ба Рӯзи байналхалқии занон бонувони тоҷикро табрику таҳният гуфта, ба онҳо саломатӣ, хушбахтӣ ва гулгулшукуфӣ таманно кард. «Моҳи мартро дар Иёлоти Муттаҳида ҳамчун Моҳи таърихи занон мешиносанд. Дар ин моҳ толибилмон он нақши амиқеро, ки занон дар ҳаёти Амрико гузоштаанд, меомӯзанд. Набераи шашсолаи ман чанде […]

Asia-Plus

Элизабет Миллард, сафири ИМА дар Тоҷикистон дар мақолаи худ бахшида ба Рӯзи байналхалқии занон бонувони тоҷикро табрику таҳният гуфта, ба онҳо саломатӣ, хушбахтӣ ва гулгулшукуфӣ таманно кард.

«Моҳи мартро дар Иёлоти Муттаҳида ҳамчун Моҳи таърихи занон мешиносанд. Дар ин моҳ толибилмон он нақши амиқеро, ки занон дар ҳаёти Амрико гузоштаанд, меомӯзанд. Набераи шашсолаи ман чанде пеш лоиҳаи мактабии худро ба ман фиристод, ки аз ҷузъиёти муваффақиятҳои собиқ вазири умури хориҷӣ хонум Кондолиза Райс нақл мекунад»,- омадааст дар мақолаи сафир.

Қайд мешавад, ки занон нақши боризи худро на танҳо дар Амрико, балки дар саросари олам гузоштаанд ва имрӯз мо имкон дорем, ки аз хидмати заноне, ки таърихи имрӯзаро меофаранд, қадршиносӣ кунем. Намунаҳои чунин созандагони таърих хеле зиёданд: онҳо пешоҳангони соҳаи худ ҳастанду кореро анҷом додаанд, ки пеш аз онҳо касе анҷом надода буд. Дигарон, агарчи ноаён бошад ҳам, дар пешрафти хонаводаву ҷомеа ва иқтисодиёти кишварашон саҳми арзанда мегузоранд. Ман бо чунин занони соҳибирода дар саросари Тоҷикистон мулоқотҳо доштам ва ифтихор аз он дорам, ки сафорати ИМА бо аксари онҳо ҳамкорӣ мекунаду барояшон имкон фароҳам меоварад, то зиндагиро дар ҷомеаҳояшон беҳтар кунанд.

«Дар тамоми дунё занон дучори табъиз ҳастанду маоши пасттар мегиранд. Дар Тоҷикистон низ аксари занон дар набудани шавҳарашон бо чунин мушкилиҳо дучор меоянд. Ҳамчун зане, ки чанд вақт пеш ҳамсарамро аз даст додаам, дарди он занони танҳоро ман хуб ҳис мекунам ва нисбати занони тоҷик эҳтироми хоса дорам, ки на танҳо хонаводаашонро саробонӣ мекунанд, балки ба фаъолияти соҳибкорӣ ҷалб гардида, ба фарзандонашон имконияти хуби таҳсилро фароҳам меоваранд. Ин занон воқеан ҳам қаҳрамонанд», – таъкид мешавад дар мақола.

Сафир зикр кардааст, ки «чанде пеш ман ба вилояти Хатлон сафар доштам, ки дар он ҷо Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналхалқӣ (USAID) ба заноне, ки хоҳиши сохибкорӣ доранд, кӯмак менамояд. Соли гузашта USAID зиёда аз 4500 занони кишоварз ва соҳибкорро бо давраҳои омӯзишӣ фаро гирифт. Дар ин тренингҳо занон на танҳо роҳҳои шурӯъ кардани соҳибкориро омӯхтанд, балки ҳамчунин имкон пайдо карданд, ки бо ҳаммаслакони худ аз дигар гӯшаву канори мамлакат робита барқарор кунанду аз таҷрибаву муваффақиятҳои ҳамдигар таҷриба андӯзанд. Барои ман муҷиби ифтихор аст, ки дар яке аз чунин марказҳои омӯзиши атласбофӣ бо Роҳила ном зане вохӯрдам. Роҳила ба ман дар бораи кӯдаконаш нақл кард ва гуфт, ки то куҷо ин имкониятҳо барои оилаи ӯ муҳим мебошанд. Ӯ ҳатто сайъ кард, ки ба ман атласбофиро омӯзонад».

«Ҳамчунин, ман бо дигар занони соҳибкор вохӯрдам, ки бо либосдӯзиву ниҳолпарварӣ машғуланд; ҳатто занеро дидам, ки сарторошхонаи мардона кушодааст. Ҳамаи ин занони боиродаю боғайрат зиндагии оилаашонро беҳтар мекунанд ва Иёлоти Муттаҳида ифтихор дорад, ки ба ин кори онҳо мусоидат менамояд, – қайд кардааст ӯ. – Ман мехоҳам ба занони Тоҷикистон ва тамоми дунё муроҷиат намуда, гӯям, ки шумо метавонед ҳаёти на танҳо оилаи худ, балки маҳалли худ ва тамоми ҷомеаро беҳтар кунед. Занони тавоно оилаи тавоно барпо мекунанд ва оилаи тавоно роҳ ба сӯи ояндаи дурахшон ва ҷомеаи шукуфон мебошад».

Ёддошт дар бораи муаллиф: Элизабет Миллард сафири ИМА дар Тоҷикистон мебошад. Қабл аз ин ӯ дар Вашингтон дар дафтари Котиби давлатӣ Ҷон Керри фаъолият намудааст. Пештар хонум ба ҳайси муовини роҳбари намояндагии дипломатии ИМА дар ш. Остона, Қазоқистон ва сардори Консулгарии генералии ИМА дар ш. Касабланка, Марокаш фаъолият кардааст. Хонум Миллард фарзанди корманди Созмони ҷаҳонии тандурустӣ буда, дар мамлакатҳои хориҷӣ ба воя расидааст. Ӯ дар макотиби Дания, Шветсия ва Тунис таҳсил кардааст. Хонум дар Донишкадаи иқтисодии Лондон таҳсил кард ва Мактаби тадқиқоти махсуси байналхалқии Донишгоҳи Ҷон Хопкинсро хатм намудааст. Хонум Миллард ва ҳамсари марҳумаш соҳиби панҷ фарзанд ва шаш набера ҳастанд. Дар вақти холиаш ӯ бо пухтани хӯрок, машқҳои варзишӣ, мутолиаи китоб ва гӯш кардани мусиқӣ машғул аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио