Эмомалӣ Раҳмон бо писаронаш дар маъракаи ниҳолшинонии боғи Нишони давлатӣ

Субҳи рӯзи 8 март Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сомони Эмомалӣ дар ҳашари умумии ниҳолшинонӣ дар пойтахт иштирок карданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳашари ниҳолшинонӣ тибқи нақшаи асосии ободонию бунёдкорӣ ва азнавсозии пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе дар майдони боғи Нишони давлатӣ сурат гирифта, […]

Asia-Plus

Субҳи рӯзи 8 март Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сомони Эмомалӣ дар ҳашари умумии ниҳолшинонӣ дар пойтахт иштирок карданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳашари ниҳолшинонӣ тибқи нақшаи асосии ободонию бунёдкорӣ ва азнавсозии пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе дар майдони боғи Нишони давлатӣ сурат гирифта, ба хотири зебою озода кардани хиёбонҳои шаҳр дарахтони зиёди ороишию ҳамешасабз, ки ҳамзамон ба саломатии инсон фоида дошта, боиси болидахотирию руҳбаландии сокинону меҳмонон мегардад, шинонида шуд.

Гуфта мешавад дар ин ҳашар дар маҷмуъ беш аз 430 адад ниҳоли дарахтони нодиру ҳамешасабз, аз ҷумла беш аз 70 ниҳоли каштан, 120 дарахти олуи канзанӣ, 95 адад ниҳоли магнолияи ҳамешасабз, 120 адад дарахти кипарис ва мажевелник шинонида шуд.

Сарвари давлат барои нигоҳубини хуби ин дарахтон, тозаю озода кардани муҳити атроф ва дигар тадбирҳо ба хотири таҷлили сазовори ҷашни байналмилилалии Наврӯз ба масъулини ҳукумати шаҳри Душанбе ва дигар идораҳои давлатӣ дастуру супоришҳо доданд.

«Шуруъ аз рӯзҳои аввали фасли баҳор Президенти мамлакат ба хотири мусоидат ба беҳдошти ҳифзи табиат ва ободонии ҳар як гӯшаву канори мамлакат маъракаҳои умумии ниҳолшинонӣ ташкил менамоянд. Тавре огаҳӣ доред, чунин тадбирҳои созандагӣ рӯзҳои 2 феврал дар майдони Наврӯзгоҳи пойтахт ва 4 марти соли 2017 дар боғи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон гузаронида шуд», – омадааст дар хабари хадамоти матбуот.

Таъкид мешавад, ки супоришҳое, ки Сарвари давлат рӯзи 2 феврал ба Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе бобати боз ҳам обод кардани хиёбонҳо ва мавзеъҳои сайру гашти сокинон дода буданд, то имрӯз иҷро гардид.

Эмомалӣ Раҳмон ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва масъулини дигар идораҳои давлатӣ барои омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, доир ба тезонидани корҳои ободонию бунёдкорӣ, маъракаи ниҳолшинонӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф, баҳри ободу зебо гардонидани гулгашту хиёбонҳо, Боғи Рӯдакӣ, боғу гулгаштҳои назди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон, хиёбони назди фурӯдгоҳ, майдони муҷассамаи Садриддин Айнӣ, инчунин роҳҳои марказии пойтахт дастуру ҳидоятҳо дода буданд. Тавре маълум гардид, то имрӯз масъулини шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои ҳидоятҳои Пешвои миллат  қад – қади дарёи Душанбе дар маҳалли Наврӯзгоҳи пойтахт ва дигар мавзеъҳо дарахтони зиёди ороишию сояафкан шинонидаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.