Ҳукумати Маскав ба фонди ҳамсари Путин ҳар сол 62 млн. рубл ҷудо карданӣ будааст

Бунёди ҷамъиятии "Маркази рушди робита миёни шахсиятҳо", ки таҳти сарпарастии ҳамсари пешини президент Владимир Путин – Людмила Путина фаъолият мекунад, аз буҷаи шаҳри Москва 250 миллион рубл дарёфт кардааст. Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, қарори ҷудо кардани кумаки молиро ба бунёд ҳанӯз соли 2015 шаҳрдори Москва Сергей Собянин имзо кардааст. Бино бар […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Бунёди ҷамъиятии "Маркази рушди робита миёни шахсиятҳо", ки таҳти сарпарастии ҳамсари пешини президент Владимир Путин – Людмила Путина фаъолият мекунад, аз буҷаи шаҳри Москва 250 миллион рубл дарёфт кардааст.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, қарори ҷудо кардани кумаки молиро ба бунёд ҳанӯз соли 2015 шаҳрдори Москва Сергей Собянин имзо кардааст.

Бино бар иттилои "Дожд", бунёди Людмила дар доираи "Кумаки иҷтимоӣ ба сокинони Москва" сармоягузорӣ шудааст. Соли гузашта ба ин бунёд 62 миллион ва соли ҷорӣ низ ҳамин миқдор рубл ҷудо карданд. Кумаки молӣ ба бунёд ду соли оянда низ идома мекунад.

Бунёди мазкурро Артур Очеретний роҳбарӣ мекунад. Расонаҳо менависанд, Очеретний ҳамсари нави Людмила Путина аст.

Телевизиони "Дожд" хабар медиҳад, ки бунёди Людмила чанд иморати дигар дар ихтиёр дорад. Аз ҷумла як қаср дар Воздвиженки. Бунёд ин қасрро ба ширкати "Меридиан" ба иҷора медиҳад. Ширкати мазкур ба Людмила Шкребнева (насаби падарии ҳамсари пешини Путин) рабт дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.