Тавсияи бунёди зербинои фаромарзӣ бо назардошти сохтмони нерӯгоҳи Роғун

Дар гузориши «Шабакаҳои барқӣ дар кишварҳои Бонки авруосиёии рушд (БАОР)» ба Тоҷикистон бо назардошти сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун тавсия дода шудааст, ки дар дурнамои миёнамуҳлат барои содироти барқ аз ин нерӯгоҳи бузург зербинои иловагии фаромарзӣ бунёд карда шавад. Муаллифони гузориш ба кишварҳои БАОР пешниҳод кардаанд, ки барои истифодаи пурсамари имконот оид ба содироти барқ […]

Asia-Plus

Дар гузориши «Шабакаҳои барқӣ дар кишварҳои Бонки авруосиёии рушд (БАОР)» ба Тоҷикистон бо назардошти сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун тавсия дода шудааст, ки дар дурнамои миёнамуҳлат барои содироти барқ аз ин нерӯгоҳи бузург зербинои иловагии фаромарзӣ бунёд карда шавад.

Муаллифони гузориш ба кишварҳои БАОР пешниҳод кардаанд, ки барои истифодаи пурсамари имконот оид ба содироти барқ ба кишварҳои сеюм стратегияҳои рушди шабакаҳои барқи худро ҳамоҳанг созанд.

«Беҳбуди самаранокии фаъолияти низомҳои энергетикӣ ба туфайли истифодаи афзалиятҳои савдои байнулмилалӣ ва ба ҳадди камтарин расонилдани сарбории нерӯгоҳҳои барқӣ дар ниҳояти кор ба коҳиши арзиши аслии нерӯи барқ барои истеъмолгарон имкон медиҳад», – чунин мешуморанд таҳлилгарон.

Дар гузориш таъкид мешавад, ки айни замон лоиҳаи CASA-1000 мавриди амалишавӣ қарор дорад, ки ба интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Покистону Афғонистон имкон фароҳам оварда, ба робитаҳои мутақобилаи шабакавии Тоҷикистон бо Қирғизистон тавсеа мебахшад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.