Эрдуғон пирӯз ва акнун то соли 2029 сари ҳокимият монда метавонад

Нахуствазири Туркия Биналӣ Йилдирим эълон кардааст, ки дар раъйпурсии рӯзи 16-уми феврал аксарияти мардум ба тарафдории ислоҳи Қонуни асосӣ раъй додаанд, ки низоми идораи Туркияро ба аз порлумонӣ ба президентӣ тағйир медиҳад. Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, бо шумориши бештар аз 99 дар сади раъйи мардум, мақомоти интихоботӣ гуфтанд, ки 51. 3 дар сади раъйдиҳандагон […]

Радиои Озодӣ

Нахуствазири Туркия Биналӣ Йилдирим эълон кардааст, ки дар раъйпурсии рӯзи 16-уми феврал аксарияти мардум ба тарафдории ислоҳи Қонуни асосӣ раъй додаанд, ки низоми идораи Туркияро ба аз порлумонӣ ба президентӣ тағйир медиҳад.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, бо шумориши бештар аз 99 дар сади раъйи мардум, мақомоти интихоботӣ гуфтанд, ки 51. 3 дар сади раъйдиҳандагон ба тарафдории ислоҳот дар Қонуни асосӣ раъй додаанд.

Гуфта мешавад, дар умум 18 тағйиру ислоҳот ба Конститутсия пешниҳод шуда буд, ки салоҳиятҳои раиси ҷумҳурро васеъ мекунад ва ба Раҷаб Тайиб Эрдуғон имкон медиҳад, то соли 2029 дар қудрат бимонад.

Ба гуфтаи мақомоти интихоботии Туркия 48 дар сади мардум мухолифи ислоҳот раъй додаанд ва дар маҷмӯъ дар раъйпурсӣ 86 дар сади афроди бархурдор аз ҳаққи раъй ширкат кардаанд.

Зикр мегардад, ки дар Туркия 55 млн. нафар ҳаққи раъй доранд ва дар кишвар 167 ҳазор қитъаи раъйдиҳӣ боз карданд. Туркҳое, ки дар хориҷ иқомат доранд, ҳафтаи гузашта овоз доданд.

Бар асоси 18 тағйиру иловаҳои воридшуда, салоҳиятҳои порлумон кам мешавад, мақоми нахуствазир аз байн меравад ва салоҳиятҳои раиси ҷумҳур меафзояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.