Коҳиши ҳаҷми кумаки ҳукумат ба бонкҳои дучори мушкилот

Ҳукумати Тоҷикистон ҳаҷми кумак ба бонкҳои дучори мушкилотро ба миқдори 530 млн. сомонӣ кам мекунад. «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк», ки дар ҷараёни барҳамдиҳӣ қарор доранд, бояд ба ин миқдор маблағ коғазҳои қиматнок мегирифтанд. Ҳукумат бо ҳамин қарор дастур додааст, ки барои дастгирии бахши энергетика коғазҳои қиматнок ба муомилот бароварда шаванд. Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори нави худ […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон ҳаҷми кумак ба бонкҳои дучори мушкилотро ба миқдори 530 млн. сомонӣ кам мекунад. «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк», ки дар ҷараёни барҳамдиҳӣ қарор доранд, бояд ба ин миқдор маблағ коғазҳои қиматнок мегирифтанд. Ҳукумат бо ҳамин қарор дастур додааст, ки барои дастгирии бахши энергетика коғазҳои қиматнок ба муомилот бароварда шаванд.

Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори нави худ дастур додааст, ки ба қарор аз 12 декабри соли 2016 «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатии Тоҷикистон барои сармоягузории бонкҳо» тағйирот ворид карда шавад.

Дар тағйирот кам шудани ҳаҷми ба муомилот баровардани коғазҳои қиматнок барои дастгирии бонкҳо аз 3 млрд. 850 млн. сомонӣ то ба 3 млрд. 320 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дастр дода мешавад, ки аз ин қарор «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» хориҷ карда шаванд. Қарори нав бояд аз ҷониби палдатаи поёнии парлумон тасдиқ шавад.

Даҳаи охири моҳи декабр палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ аз қарори ҳукумат дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатӣ ҷиҳати сармоягузорӣ намудани бонкҳои тиҷоратии кишвар ҷонибдорӣ намуд.

Дар маҷмӯъ бояд ба бонкҳо ба маблағи умумии 3 млрд. 850 млн. сомонӣ (наздики 490 млн. доллари ИМА бо қурби 21 декабр) векселҳо пешниҳод мешуданд. Аз ҷумла «Тоҷиксодиротбонк» бояд ба маблағи 2 млрд. 250 млн. сомонӣ, «Агроинвестбонк» – 1 млрд. 70 млн. сомонӣ, «Тоҷпромбонк» – 450 млн. сомонӣ ва «Фононбонк» – 80 млн. сомонӣ коғазҳои қиматнок мегирифт.

«Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» қисмате аз ин кумакро дастрас намуда, вале ду бонки дигар – «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» аз он бенасиб монданд: санаи 24 феврали соли равон Бонки миллии ҷумҳурӣ дар бораи бозхонди иҷозатнома ва минбаъд маҷбуран барҳамдиҳии ин бонкҳо хабар дод. Айни замон дар ин ташкилотҳои қарзӣ маъмурони аз ҷониби суд таъиншуда ба корҳои расмиёти барҳамдиҳии онҳо машғуланд.

Бо қарори нав ҳукумат ҷиҳати ба муомилот бароврадани коғазҳои қиматнок дар шакли векселҳо ба маблағи умумии 530 млн. сомонӣ барои рушди бахши энергетика супориш дода, муҳлати барориши коғазҳои қиматнок 5 сол бо 2%-и солона муқаррар шудааст.

«Вазорати молия, Бонки миллӣ ва Вазорати энергетика ба анҷоми амалиёти зарурии марбут ба иҷрои қарори мазкур вазифадор шуда, механизми муносибатҳои мутақобила оид ба истифодаи коғазҳои қимтаноки давлатӣ барои сармоягузорӣ ба соҳаи энергетика бар асоси шартномаи дуҷониба муайян карда мешаванд», – зикр мегардад дар санад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.