Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар консерт бахшида ба иҷлосияи СҲШ

Рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта дар пойтахти Қазоқистон иҷлосияи Созмони ҳамкории Шанхай ба кор шурӯъ намуда, сарони кишварҳои Чин – Си Ҷинпин, Русия – Владимир Путин, Беларус – Александр Лукашенко, Қирғизистон – Алмазбек Атамбоев, Ӯзбекистон – Шавкат Мирзиёев ва Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Остона ташриф оварданд. Рӯзи 8 июн ба ифтихори сарони кишщварҳои узви […]

Рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта дар пойтахти Қазоқистон иҷлосияи Созмони ҳамкории Шанхай ба кор шурӯъ намуда, сарони кишварҳои Чин – Си Ҷинпин, Русия – Владимир Путин, Беларус – Александр Лукашенко, Қирғизистон – Алмазбек Атамбоев, Ӯзбекистон – Шавкат Мирзиёев ва Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Остона ташриф оварданд.

Рӯзи 8 июн ба ифтихори сарони кишщварҳои узви СҲШ консерт баргузор шуд, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар он ҳузур дошт.

Чорабиниҳои асосии нишаст имрӯз, 9 июн дар назар буда, рӯйдоди калидии иҷлосия дар Остона ҳамроҳшавии Ҳиндустону Покистон ба Созмон хоҳад буд. Ғайр аз ин, дар ҷаласаи 17-уми Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ қабули як қатор аснод низ пешбинӣ шудааст.

Сарони кишварҳои Созмон Баёнияи Остонаро ба имзо расонида, Конвенсияи СҲШ оид ба муқовимат бо ифротгароӣ қабул мешавад. Баро имзо дар маҷмӯъ 11 санад таҳия шудааст.

Гуфтушунидҳо ҳам дар ҳайати васеъ ва ҳам дуҷониба доир гардида, сарнои кишварҳо вазъ дар паҳнои Созмонро арзёбӣ ва вазифаҳову дурнамои рушди онро муайян хоҳанд кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.