Иди саиди Фитр имсол 26 июн ҷашн гирифта мешавад

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Бо қарори Шӯрои уламои Тоҷикистон имсол дар Тоҷикистон Иди саиди Фитр санаи 26 июн ҷашн гирифта мешавад.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода хабар дод, ки санаи Иди Рамазонро имрӯз Шӯрои уламои Тоҷикистон иборат аз 25 нафар ходимони дин тасдиқ кардааст.

Ёдрас мекунем, ки имсол моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон аз 27 май шурӯъ гардида буд. Рӯзадорӣ дар ин моҳи шариф яке аз панҷ рукнҳои ислом аст. Парҳезгорӣ қариб дар ҳамаи динҳо дунё вуҷуд дорад. Ҳадафи ин навъи ибодат дар дини ислом ҳарчи бештар наздикшавӣ ба Худо маънидод мешавад.

Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ шуморида мешавад. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат ва қироати Қуръон машғул мешаванд.

Рӯзи ид баъд аз супурдани фитри рӯза ва адои намози идона, мардум ба зиёрати хешовандону наздикон ва иддае барои фотеҳахонӣ сари мадфани гузаштагони худ мераванд. Баҳри пешвози меҳмонон дар хонаводаҳо дастурхони идона густурда шуда, кӯдакон низ бо табрикот ба хонаҳо мераванд ва ба онҳо дастовезҳои идона дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки соли равон маблағи закот (андози ҳатмии солона ба фоидаи камбизоатон)-ро мусалмононе месупоранд, ки на камтар аз 22 ҳазору 950 сомонӣ воситаҳои зиёдатӣ доранд. Аз ин маблағ онҳо бояд 575 сомонӣ хайр кунанд.

Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ ба ҳисоби гандум 5 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз 48 сомонӣ (барои шахсоне, ки тавоноии молии бештар доранд) барои 1 моҳ ба 1 нафар муайян карда шудааст.

Фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ (касоне, ки имкони рӯзагирӣ надоранд), 300 сомонӣ мукаррар шудааст, яъне ин афрод ҳар рӯзи моҳи рамазон бояд 10 сомонӣ хайрия диҳанд.

Мутобиқи қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид», Иди Рамазон рӯзи истироҳат эълон шудааст. Имсол иди анҷоми моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон ба рӯзи душанбеи ҳафта, 26 июн рост меояд. Рӯзи дигар низ дар Тоҷикистон ид аст. Санаи 27 июн дар ҷумҳурӣ Рӯзи ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад.

Ҳамин тариқ, бо назардошти ду рӯзи истироҳати ҳафта – 24 ва 25 июн, тоҷикистониён имсол пайдарҳам 4 рӯз аз 24 то 27  – рӯзҳои шанбе, якшанбе, душане ва сешанбеи ҳафта июн истироҳат мекунанд.

Кумитаи умури дини ҷумҳурӣ изҳор дошт, ки  доир ба оростани дастурхону идгардаки кӯдакон ҳеҷ маҳдудияте ҷорӣ нашуда, танҳо тавсия дода шудааст, ки ба зиёдаравӣ роҳ надода, кӯдакон бештар зери назорат қарор дошта бошанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...