Тамокукашӣ манъ аст! Манъи пурраи истеъмоли тамоку дар биноҳо

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи қонуни нав «Дар бораи маҳдуд кардани истифодаи маснӯоти тамоку»-ро баррасӣ дошта, дар муқоиса бо қонуни пешини аз соли 2010 амалкунанда, он меъёри истеъмоли тамокуро дар кишвар бештар сангинтар мекунад. Мутобиқи меъёрҳои қонуни нав, истеъмоли тамоку дар биноҳои маъмурӣ, кабинетҳо кории корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, дар даромадгоҳҳои манзилҳо, лифтҳо, гузаргоҳҳои зеризаминӣ, фурудгоҳу вокзалҳо, […]

Аваз Юлдашев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи қонуни нав «Дар бораи маҳдуд кардани истифодаи маснӯоти тамоку»-ро баррасӣ дошта, дар муқоиса бо қонуни пешини аз соли 2010 амалкунанда, он меъёри истеъмоли тамокуро дар кишвар бештар сангинтар мекунад.

Мутобиқи меъёрҳои қонуни нав, истеъмоли тамоку дар биноҳои маъмурӣ, кабинетҳо кории корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, дар даромадгоҳҳои манзилҳо, лифтҳо, гузаргоҳҳои зеризаминӣ, фурудгоҳу вокзалҳо, осоишгоҳу хобгоҳҳо ва дар нақлиёти ҷамъиятӣ пурра манъ карда мешавад.

Имрӯз алҳол метавон дар ҷойҳои махсус ҷудошуда барои он тамоку истеъмол кард, вале дар сурати қабули қонуни нав, чунин ҷойҳо қариб боқӣ намемонанд: истеъмоли тамоку дар ҷойҳои ҷамъиятӣ комилан манъ мешавад.

Ғайр аз ин, фурӯши маснӯоти тамоку дар масофаи 100 метр наздики муассисаҳои тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, варзиш ва ташкилотҳои динӣ низ манъ мегардад.

Фурӯши тамоку ба шахсони синни аз 18-сола поин манъ шуда, агар фурӯшанда дар синнусоли харидор шубҳа дошта бошад, ба тақозои ҳуҷҷати дахлдор аз ӯ ҳуқуқ пайдо хоҳад кард.

Ҳамчунин дар кишвар фурӯши донагии маснӯоти тамоку ва ғайр аз ин, дар қаламрави Тоҷикистон иваз (бартер)-и маснӯоти тамку ба дигар молу хизмтрасониҳо ва тақсими бепули он ба аҳолӣ низ манъ карда мешавад.

Дар лоиҳаи қонун зикр шудааст, ки бо дархости сохторҳои дахлдор мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба истеъмоли тамоку дар муассисаҳои ислоҳӣ, беморхонаҳои касалиҳои рӯҳӣ, хонаҳои калонсолон ва маъюбон иҷозат дода метавонанд. Дар онҳо барои истеъмоли тамоку ҷойҳои махсус муқаррар мешаванд.

Қонуни соли 2010 қабулшуда «Дар бораи маҳдуд кардани истифодаи маснӯоти тамоку» ҳуқуқҳои истеъмолгарони онро қисман маҳдуд карда, тамокукашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ шуд, вале дар ҷойҳои махсус ба истеъмоли он иҷозат буд.

Мувофиқи қонуни амалкунанда, айни замон ба истеъмоли тамоку дар ҷойҳои махсуси дохили биноҳои маъмурӣ, корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, муассисаҳои тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, варзиш ва ташкилотҳои динӣ, истироҳатгоҳҳо, фурудгоҳҳо, вокзалҳои роҳи оҳану автомобилҳо иҷозат дода шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.

Муовини сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи БОР дар Самарқанд чӣ гуфт?

Ҳоким Холиқзода гуфт, “Роғун” ба унсури калидии шарикии нави Тоҷикистон ва БОР табдил меёбад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мунаввар Шоҳгадоев ва Дилшод Назаров то қатли Минҳоҷ Ғуломов

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.