Аз лиҳози сатҳи амнияти кибернетикӣ Тоҷикистон дар мақоми 91-ум қарор гирифт

Дар Индекси глобалии амнияти кибернеткӣ-2017, ки аз ҷониби Иттифоқи байнулмилалии алоқаи барқӣ (ITU))-и СММ таҳия шудааст, миёни 194 кишвари саросари дунё Тоҷикистон зинаи 91-ум (0,292 балл)-ро ишғол кардааст. Аз нигоҳи таъмини амнияти кибернетикӣ миёни кишварҳои ИДМ Тоҷикистон дар зинаи 7-ум қарор дорад: муаллифони гузориш амнияти кибернетикии кишвари моро аз Ӯзбекистону Қирғизистон ва Арманистону Туркманистон беҳтар […]

Asia-Plus

Дар Индекси глобалии амнияти кибернеткӣ-2017, ки аз ҷониби Иттифоқи байнулмилалии алоқаи барқӣ (ITU))-и СММ таҳия шудааст, миёни 194 кишвари саросари дунё Тоҷикистон зинаи 91-ум (0,292 балл)-ро ишғол кардааст.

Аз нигоҳи таъмини амнияти кибернетикӣ миёни кишварҳои ИДМ Тоҷикистон дар зинаи 7-ум қарор дорад: муаллифони гузориш амнияти кибернетикии кишвари моро аз Ӯзбекистону Қирғизистон ва Арманистону Туркманистон беҳтар медонанд.

Ба даҳгонаи беҳтарин кишварҳо аз лиҳози таъмини бехатарии кибернетикӣ Сингапур, ИМА, Малайзия, Уммон, Эстония, Маврикий, Австралия, Гурҷистон, Фаронса ва Канада шомил шудаанд.

Русия зинаи 11-ум, Беларус – 39, Озарбойҷон – 48, Украина – 59, Молдова – 73, Қазоқистон – 83, Ӯзбекистон – 93, Қирғизистон – 97, Арманистон – 111 ва Туркманистон мақоми 132-юмро касб кардаанд.

Яман, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ ва Гвинеяи Экваториалӣ дар сафи кишварҳои низомҳои ноамнтарини таъмини амнияти кибернетикӣ қарор гирифтаанд.

Коршиносони ITU кишварҳоро аз рӯи панҷ нишондиҳанда баҳогузорӣ кардаанд: тайёрии ҳуқуқӣ, техникӣ ва тадорукотӣ, омодагӣ ба ҳамкорӣ ва рушди имконоти маърифатӣ ва ҳуқуқӣ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.