Иқдоми занони фаъол дар назди масҷиди Бишкек

Фаъолзанони шаҳри Бишкек таҳти унвони «Либоспӯширо ба мо ёд надиҳед» назди масҷиди асосии шаҳр аксия доир намуданд. Бино ба иттилои Радиои "Азаттык", ин иқдом ба хотири мухолифта ба манъи гаштугузор назди масҷид бо сарулибоси кӯтоҳ сурат гирифтааст. Иштирокчиёни аксия гуфтаанд, ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ ибрози андешаи ҳуқуқи шаҳрвандон доир ба мустақилона интихоб кардани сарулибос […]

Asia-Plus

Фаъолзанони шаҳри Бишкек таҳти унвони «Либоспӯширо ба мо ёд надиҳед» назди масҷиди асосии шаҳр аксия доир намуданд.

Бино ба иттилои Радиои "Азаттык", ин иқдом ба хотири мухолифта ба манъи гаштугузор назди масҷид бо сарулибоси кӯтоҳ сурат гирифтааст.

Иштирокчиёни аксия гуфтаанд, ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ ибрози андешаи ҳуқуқи шаҳрвандон доир ба мустақилона интихоб кардани сарулибос ва хотиррасон кардани кишвари дунявӣ будани Қирғизистон мебошад. Ба қавли онҳо, ҳеҷ касе ҳуқуқ надорад, ки ба духтарони қирғиз чӣ гуна сарулибос ба бар карданро талқин кунад.

Рӯзи 5 июл зимни вохӯрӣ бо хатмкунандагони беҳтарини мактабҳо президенти ин кишвар Алмосбек Отамбоев «дидаву дониста фарқ нагузоштан байни имон ба Худо ва фарҳанги арабӣ ё покистонӣ»-ро мушкилоти ҷиддӣ номид.

Дастандаркорони иқдоми мазкур қайд кардаанд, ки барои пӯшидани сарулибоси кӯтоҳ мавриди таънаву кирдори дағал қарор гирифтаанд. Ин чорабинии тарафдорони риояи ҳуқуқи занон (феминисткаҳо) оромона баргузор шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.