Ҳузури меҳмонони ӯзбек дар ҷашни истиқлолияти Тоҷикистон

Ҳайати вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон таҳти сарварии муовини раиси ин вилоят Рӯзимурод Чориев дар тантанаҳои ҷашни Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода иштирок кард. Меҳмонон бо дастовардҳои иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳр шинос шуда, ба сохтмони иншооти солҳои ахир сохташуда баҳои баланд доданд. Раиси шаҳри Турсунзода Суҷоуддин Саломзода дар сухани шодбошии худ қайд кард, ки ним соли […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Ҳайати вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон таҳти сарварии муовини раиси ин вилоят Рӯзимурод Чориев дар тантанаҳои ҷашни Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода иштирок кард.

Меҳмонон бо дастовардҳои иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳр шинос шуда, ба сохтмони иншооти солҳои ахир сохташуда баҳои баланд доданд.

Раиси шаҳри Турсунзода Суҷоуддин Саломзода дар сухани шодбошии худ қайд кард, ки ним соли охир бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ ба маблағи умумии беш аз 48 млн. сомонӣ иншооти гуногуни таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ сохта шуда, садҳо нафар бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд. Мактаби нав, пули болои дарёи Ширкент, корхонаи нави маҳсулоти ширӣ дар Пахтаобод, чор бунгоҳи тиббӣ, бинои сеошёнаи маъмурӣ дар маркази шаҳр ва ғайра аз ҷумла ин иншоот мебошанд.

Меҳмонони ӯзбек, аз ҷумла раиси ноҳияи Сариосиё, мансабдорони давлатии вилояти Сурхондарё ва соҳибкорон барномаи консертиро тамошо карда, аз Қалъаи Ҳисор боздид намуданд.

Ташрифи меҳмонони ӯзбек сафари ҷавобӣ аст. Як ҳафта пеш намояндагони ҳукумати шаҳри Турсунзода дар тантанаҳои ҷашни Рӯзи истиқлолияти Ӯзбекистон дар Тирмиз ҳузур доштанд. Меҳмонон изҳори итминон карданд, ки минбаъд чунин сафарҳо зиёд шуда, ба таҳкими робитаҳои дӯстона миёни мардуми ҳарду кишвар мусоидат мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.