Душанбе ба Тошканд сана ва макони баргузории намоишгоҳашро пешниҳод кард

Ҳукумати Тоҷикистон дар номаи расмии худ ба унвони ҳукумати Ӯзбекистон пешниҳод кардааст, ки нахустин намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Тоҷикистон аз 11 то 14 октябр дар шаҳри Тошканд баргузор карда шавад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, намоишгоҳ дар маркази ташкили намоишгоҳҳои «Узэкспоцентр» доир гардида, дар ин чорабинӣ ба маърази […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон дар номаи расмии худ ба унвони ҳукумати Ӯзбекистон пешниҳод кардааст, ки нахустин намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Тоҷикистон аз 11 то 14 октябр дар шаҳри Тошканд баргузор карда шавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, намоишгоҳ дар маркази ташкили намоишгоҳҳои «Узэкспоцентр» доир гардида, дар ин чорабинӣ ба маърази тамошо гузоштани маҳсулоти 64 ширкати тоҷикистонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар рӯйхати молҳои содиротии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Вазорати саноат таҳия гардидааст, масолеҳи сохтмон, маҳсулоти саноати кӯҳкорӣ, саноати мошинсозӣ ва коркарди металлҳо ва саноати сабук зикр шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки охири соли гузашта дар Душанбе доир гардид, дар бораи баргузории намоишгоҳҳои маҳсулоти саноатӣ ва ҳамоишҳои соҳибкорони ҳарду кишвар дар пойтахтҳои давлатҳо тавофуқ ҳосил шуд.

Нимаи моҳи апрели соли равон дар Душанбе нахустин намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ӯзбекистон доир гардида, дар чорабинии чоррӯза беш аз 160 ширкати кишвари ҳамсоя зиёда аз 1,5 ҳазор номгӯи маҳсулоти худро пешкаш карданд.

Аз рӯи натиҷаҳои ин чорабинӣ ва ҳамоиши соҳибкорони ҳарду кишвар ба маблағи умумии беш аз 35 млн. доллар қариб бист санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.