Ду ширкати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон намояндагӣ боз карданианд

Ду ширкати бузурги давлатии Ӯзбекистон,- Бунёди дастгирии содироти корхонаҳои соҳибкории хурд ва “Узтрейд” ният доранд, дар Тоҷикистон намояндагӣ боз кунанд. Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон» бо такя ба маълумоти расонаҳои Ӯзбекистон, Бунёди дастгирии содирот, ниҳоди тобеи Бонки миллии ин кишвар намояндагияшро ба хотири дастгирӣ ва рушди соҳибкории хурд боз хоҳад кард. Қайд мешавад, ки ахиран […]

Хабаргузории «Озодагон»

Ду ширкати бузурги давлатии Ӯзбекистон,- Бунёди дастгирии содироти корхонаҳои соҳибкории хурд ва “Узтрейд” ният доранд, дар Тоҷикистон намояндагӣ боз кунанд.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон» бо такя ба маълумоти расонаҳои Ӯзбекистон, Бунёди дастгирии содирот, ниҳоди тобеи Бонки миллии ин кишвар намояндагияшро ба хотири дастгирӣ ва рушди соҳибкории хурд боз хоҳад кард.

Қайд мешавад, ки ахиран намояндагони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон барои ворид кардани маҳсулоти сохтмонӣ дар ҳаҷми як миллион доллар шартнома бастаанд: “Ҳамчунин барои зиёд кардани содироти маҳсулоти саноатӣ, нассоҷӣ, аз қабили собун, маҳсулоти тайёр аз гипс, қубурҳо, масолеҳи сантехникӣ ва ғайра бо соҳибкорони дигар гуфтугӯҳо идома доранд”.

Гуфта мешавад, сохтани маркази тиҷоратии "Узтрейд Тоҷикистон" низ барои зиёд кардани ҳаҷми содироти маҳсулоти Ӯзбекистон ва қавӣ кардани мавқеи он дар бозори маҳаллӣ нақш хоҳад гузошт.

Зимнан зикр мегардад, ки танҳо дар нимсолаи аввали 2017 гардиши савдои ин кишвар бо давлатҳои Осиёи Марказӣ дар умум 13% ва бо Тоҷикистон 22% афзоиш ёфтааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.